Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ба қабристон бароварда ба майдони Мулло партофтанд. Онҳо барои чашми мардум хайрхоҳона хоки ҳокимияти советиро тарсондан ҳаргуна овозаҳо паҳн карда бо заҳр ханда карда мегуфтанд:

  • Ҳой халоиқ ба дидан ибрат гиред. Ҷасади ин кофири малъунро, балчбегро қабр ҳам ба худ роҳ надод.

Ибни Ямин аз душманон қасоси бародарашро ситонд. Дар торумор кардани калонтарин дастаҳои ғоратгарон фаъолона иштирок кард. Заминҳоро аз бойҳо кашида гирифта ба онҳое медилод, ки кор мекунанд, вале бечораанд. Соли 1924 ба факултети коргарии (рабфак) Тошканд дохил шуд. Онро хатм кардан муяссар нагашт. Соли 1925 КМ ПК Ӯзбекистон дар қатори гурӯҳи коммунистони ҷавон ӯро ҳам барои барқарор намудани ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон, барҳам задани дастаҳои ғоратгарони мусаллаҳ ба Душанбе фиристод. Соли 1926 назорати маорифи халқи Республики Тоҷикистон ӯро ба вилояти Кӯлоб ҳамчун мудири шӯъбаи маорифи вилоят мефиристад. Баъд дар вазифаҳои мудири курси такмили ихтисоси муаллимони Душанбе, директори хонаи деҳқони пойтахт, мудири шӯъбаи маорифи Панҷакент кор мекунад. Соли 1931 ба Исфара омада, ба шӯъбаи маориф ҷонишини раиси комиҷроияи район шуда кор мекунад. Соли 1932 ба ӯ супориш медиҳанд, ки нашри рӯзномаи райониро ба роҳ монад. Моҳи апрел шумораи нахустини коммунисти Исфара бо имзои муҳаррири масъул И.Исомадинзода аз чоп мебарояд.

Мудири матбаа, мудири шӯъбаи таблиғоту ташвиқоти комитети партиявии район... ҳамаи ин вазифаҳоро дар як вақт иҷро кардааст. Кадрҳо намерасиданд, сабаби ин ҳолро шарҳ дода мегӯяд худи ӯ.

Ҳамон солҳо дар Исфара воқеаҳои муҳим рӯй доданд. Сохтмони роҳи оҳан анҷом ёфт. Дар маркази шаҳр ҳайкали доҳии меҳнаткашон В.И.Ленин гузошта шуд. Ташаббускори гузоштани ҳайкали доҳӣ Исомиддинзода буд. Он солҳо маблағи буҷет намерасид. Рӯзномаи «Коммунисти Исфара» ба халқ муроҷиат намуд, ки ба хазинаи махсус аз рӯи ҳиммату имконият

пешина
аз 385
навбатӣ