Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
маблағ супоранд. Мардум ин даъватро пазируфта бо пули худ пайкара бунёд кард.
Охири соли 1933. Осмони мамлакатро абрҳои тираи таъқиботу ҷазои оммавӣ фаро мегирифтанд. Аз ин балои азим Ибни Ямин ҳам дар канор намонд. Барои душмани ҳаёти нав имконияти хуби қасосгирӣ муҳайё шуд. Онҳо Ибнияминҳоро дар корзору ҷанги танбатан мағлуб карда натавониста, роҳи осонро ёфтанд. Тӯҳмату бӯҳтон аслиҳаи пурзӯр шуда монд. Ҳар гуна сайдро ҳам бо доми фиреб дастгир кардан барои сайёд дур аз хавфу хатар мебошад.
Моҳи декабр ӯро бо айбномаи сохтаю бардӯрӯғи "душмани халқ" дастгир карда, шашмоҳ дар ҳабсхонаи ГТУ-и Ленинобод истинтоқ карданд. Аз ӯ се ҷавоби табъи дили худро ба ин саволҳо талаб доштанд:
-
Маҳбус, писари кулак, тарҷумаи ҳолатро гӯй?
-
Чӣ тавр бо Нусратулло Махсум дӯсти дӯстӣ?
-
Туро кӣ, кай ба аъзогии ташкилоти аксулинқилобӣ қабул кард?
Ҷавоби маҳбус: Падарам косиб асту як парча ҳам замин надорад. Ману бародарам коммунистем. Ӯ ҷони худро нисор кард. Аҷабо... ман зидди ғоратгарон, бойҳо, кулакҳо мубориза бурдам у маро ҳоло шӯравӣ, ман бошам, писари кулак?
Инкор намекунам, ҳамроҳи Нусратулло Махсум дар сафарҳои ҷангию корӣ будам. Ман ӯро ҳамчун дӯст, сарвари давлат ҳамеша ҳурмат мекунам.
Дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна ташкилоти зиддисоветӣ нест, тоҷикон ҳеҷ гоҳ В.И. Ленин, инқилоби озодибахши Октябрро, ки онҳоро аз зулми ҳукумати подшоҳӣ ва аморат раҳониданд, фаромӯш нахоҳанд кард. Ман намефаҳмам, ташкилоти зиддисоветӣ ба тоҷикон чӣ лозим будааст.
Баъди ин ҷавобҳои густохона ӯро зада беҳуш карданд ва дар камераи якка дурудароз нигоҳ доштанд. Бори дигар ба истинтоқ ҷеғ зада, муфаттиш изҳори қаноатмандӣ карданашро напаҳмида монд. Меъёри ҳабсгирӣ 150% иҷро шуд. маҳбус гап зан ҳангоми ба Исфара омадани Нусратулло Махсум чӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор