Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр Исомаддинзода ба тақдир тан надода, барои фош кардани бӯҳтонҳо талошу ҷонбозӣ кард. Забондониаш кор дод. Айбномаҳои мудҳиши сохтаро аз гардан дур кард. Аммо ба ҳар ҳол тақдираш пешакӣ ҳал шуда будааст. «Барои сӯиистеъмол аз мансаб» суд карданд. Мурофиаи судӣ дар Исфара барпо гардид. Ба сифати шоҳидон бештар бойбачаю кулакзодаҳо амал мекарданд. Аммо одамони бисёр тарафдори озод кардани ӯ буданд. Суд ҳукми ноадолатона баровард. Душманон шодӣ карда «ана худо ҷазояшро дод» мегуфтанд. Одамони оддӣ бошанд, норозӣ шуда, шӯру ошӯб бардоштанӣ шуданд. Хавфи вайрон шудани мурофиа ба миён омад. Ҳомиёни тартибот оҷиз буданд, ки пеши роҳи мардумро гиранд. Вазъиятро дида худи ҷавобгар ба миёна даромад.

Бародарон. Ба ман некӣ кардани бошед, ором шавед. Агар як тори мӯи сари одамони давлат кам шавад, ҳам ману ҳам худатон гунаҳкор мешавем. Ман ба адлу инсофи давлатамон бовар дорам.

То соли 1938 дар маҳбаси Тошканд нигоҳ доштанд. Соф шуда ба озодӣ баромад. Аммо дар Исфара рӯзи рафшан ба назараш сиёҳ тофт. Осмон гӯё омада ба замин часпид. Азобу уқубати сахт акнун сар шуд. Тамоман бе касу кӯй, дар шаҳри худ ғарибу танҳо монданашро нав фаҳмид. Дидори падару модар то ба қиёмат монда буд. Се фарзандаш ғурамарг шудаанд. Ҳамсараш ҳам аз хона баромада рафтааст. Аз бисоти падару модар ва худаш сӯзан ҳам намонда буд. Китобҳои нодири Мирзо Бедилу Хоҷа Ҳофиз, Шайх Саъдию Фирдавсӣ, дастнависи таърихи Исфараю Ворух ва Чоркӯҳ, ҳуҷҷатҳо, расмҳои нодир бо Лоҳутию Нуратулло Махсум, роҳбарони Тоҷикистон ва ғайра бе ному нишон рафтаанд. Ӯ пай мебарад, ки ақлу ҳуш вуҷудашро тарк мекунад.

Рӯзе ҳамсараш Муборакхон Исомаддинова гирёну нолон назди ӯ ҳозир шуд. Пеши пои ӯ сар монд, ки аз гуноҳам гузаред. Зани мусофиру муштипарро, ки аз Кӯлоби дурдаст ҳамроҳи шавҳар омада, соҳиби чор фарзанд, буд, зани душмани халқ эълон карданд. Ба қавле сару пои бараҳна дар кӯча монд.

пешина
аз 385
навбатӣ