Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
қадар маблағ сарф кардӣ? Аз минбари митинг чӣ тавр матҳу ситоиш кардӣ, нақул кун чӣ?
-
Сохтмони роҳи оҳани Конибодом - Исфара бо муваффақият анҷом ёфт. Ба ин муносибат ду рӯз ҷашни шодӣ қайд кардем, ҳайати вакилони партиявию ҳукуматии ҷумҳурӣ бо роҳбарии Нусратулло Махсум омад. Ман митингро кушода ба Нусратулло Махсум ва бинокоронро ба ҳозирин шинос намудам, хайрамақдам гуфта. Ба шарафи меҳмонон ва бинокорон зиёфат ороста, 2500 сӯм сарф кардем. Афсӯс, ки ин маблағро аз хазинаи шӯрои нозирони халқи ҷумҳуриятамон талаб карда нагирифтем. Ин чӣ гуноҳест?
-
Ту - домулло!
-
Ман? Омӯзгор. Халқ аз рӯи эҳтиром омӯзгор мегӯянд. Ман аз ин фахр дорам.
-
Ту кулакбача! Ту писари савдогар!
-
Гуфтам, боз мегӯям: ин тӯҳмат.
-
Ба инаш чӣ мегӯӣ? - муфаттиш ғоибона коғази мӯҳрдореро рӯи миз партофт. Онро хонда мӯи сари Ибниямин рост хест. Маълумотномаи комиҷроия шаҳодат медод, ки ӯ писари савдогар асту падараш дӯкони савдогарӣ дорад. Боз дар зери ин бӯҳтоннома имзои шахси шинос: котиби комиҷроия Авез Ҷӯраев сабт шуда буд. Ҳеҷ бовариаш наомад, ки Ҷӯраеви бесавод дидаю дониста ширро сиёҳ гӯяд. Охир ӯ Исомаддинзодаро нағз медонад. Аз муфаттиш талаб кард, ки ҳатман ӯ ва Ҷӯраевро рӯ ба рӯ кунад. Котиб собиқ ҷонишини раисро дида ба чашмонаш бовар накард.
-
О, домулло Шумо зинда?!
-
Э, Домулло нагуфта равед э! Ин чӣ корӣ кардаатон? Ман кай кулакбачаю падарам савдогари Ҳиндустон шудем.
-
Домулло аз мурдан хабар дораму аз ин гапҳои Шумо не.
-
Э, намуред Худатон бо мӯҳру имзо ин тӯҳмати хушкро тасдиқ кардаед у...
-
Бо номи Худо қасам, Домулло маро маҷбур карданд, ки имзо кунам. Агар саркашӣ кунам, аз паи шумо ба он дунё мерафтаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор