Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Офарин, завқи олӣ доштаед, корро аз дутор сар мекунем. Навои дутор доруи дил аст. Дилро орому боқувват мекунад, - инро гуфта, бо як навои дилором риштаи қалби ҳамнишинонро ба даст гирифт. Чуноне, ки табиби ҳозиқу рӯҳшинос набзи беморро ба сари ангуштонаш дошта, ба чашму рӯи мариз менигараду дарди авзои ӯро муайян мекунад, дуторнавоз ҳам пардаҳоро дошта, ба тор нохун мезаду огоҳ мешуд, ки ҳар захми ноҳуни ба тор зада чӣ таъсире дорад. Бо овози фораму ширадор таронаҳои сабуки ошиқона хонд.

Бахт агар ёрӣ диҳад як шаб дар оғӯшаш кунам,
Талх гӯяд, з-он лаби ҳамчун шакар нӯшаш кунам.
Сад дуруд орам зи дӯшу ронам andar роҳи ӯ,
Чун фурӯ монад зи рафтан, боз бар оғӯшаш кунам.
Оҳ, адояш ман! Воҳ фидояш ман!

Хоҳам, ки сер бинам рӯи ту ёсаминаш.
Лек офатест чашмаш, метарсам аз каминаш,
Тоқат надорад он рӯҳ аз нозуки нафасҳо,
Эй боз туву магзар, бар барги ёсаминаш

  • Бас-бас куштед!- Меҳмон табассумкунон ба чеҳраи кушодаи ҳуҷаин нигариста бо шавқ ба тори пурсеҳр нохун мезад.

Қабову пироҳани ӯ, ки мерасад ба танаш,
Ман аз қабо-ш ба рашкам, қабо зи пироҳанаш.
-Эй мӯйсафед бало-ку дилаш ҷавон-а!

Тан пир гашту орзу дил ҷавон ҳанӯз,
Дил хун шуду ҳадиси бутон забон ҳанӯз,
Умрам ба охир омаду рӯзам ба шаб расид,
Мастиву бутпарастии ман ҳамчунон ҳанӯз.

Дутор дар дасти ромишгар ларзон-ларзон мерақсид.
Бибурд аз ман қарору тоқати хуш,
Бути сангиндилу симинбаноғӯш.
Нигоре, чобуке, шӯҳе париваш,
Зарифе, маҳваше, турке, қабопӯш.
Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.

пешина
аз 385
навбатӣ