Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Азми тамошо кардаам, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ.
Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар банди шумо,
Бошад, ки аз баҳри Худо, сӯи ғарибон бингарӣ.
Оҳанги дилангез ва нолаю лаҳни хуши сароянда қора карданд. Акнун ҷавонони сархуш сабру тоқати хомӯш нишастан надоштанд. Даст меафшонданд, сар мечунбонданд, пой мекуфтанд, мастона доду фарёд доштанд.
Базм торафт метасфид. Гоҳ нағмаю усул, гоҳ Худою Расул гуфтаанд. Меҳмони соҳибтадбир пас аз андаке раво гашт. Гӯшаки танбӯрро тофту оҳанги нолиш то мағзи дили ҷон расида, торҳои вуҷуди ҳозиринро ба ларзиш овард. Оҳанги вазнин ҳамаро мисли бори сангин зор кард, ки сарҳаму хомӯш беҳаракат монданд. Танбӯр мегирист, овози ширадор ҳам бо он ҷӯр шуда менолид. Навоҳои форами "Наврӯзи Аҷам", ки манзараҳои сабзу чашмаҳои пурҷӯш, рӯдҳои беқарор, зебоиҳои баҳор, дилбарони ишвагар, нозанинони симинбар тамоми хушиҳои рӯзгорро намоишгар буданд, бо фарёду фиғони "Чӯли Ироқ" бадал гашт. Шунавандагон гӯё аз гулзори хурраму шукуфон ба биёбон, дашти сӯзону синабирён афтоданд.
Чун ба гетӣ ҳарчӣ меояд равон хоҳад гузашт,
Хуррам он кас к-ӯ аз ҷаҳон накӯном хоҳад гузашт.
Он кас мегӯяд, ки хоҳад дид поёни ҷаҳон,
Ҳам бихоҳӣ дид, к-ӯ то бар чӣ сон хоҳад гузашт.
Гар ҷавон, гар пир чун мо бигзарем аз ин ҷаҳон,
Баски бар болои мо пиру ҷавон хоҳад гузашт...
Сарояндаи ғарибу танҳо ба ҳоли худ мегирист, танбӯр ягона тасаллобахши ӯ буд. Ба гӯши ӯ сухан мегуфту дарди дили афгор баён мекард, боз хориаш меомаду ашк мерехт, зор-зор мегирист. Ӯ ба ҳамнишинон магар рози дил гуфта метавонист? Ҳаргиз не! Ӯ мисоли барра буду атрофиён гурги гурусна, магар гургон оҳу фиғони барраро гӯши шунидан доранд? Ҳайҳот! Агар ҳоло гӯши шунаво медошт, танҳо ҳамин танбӯр буду бас. Мусофир фарҷоми нохушу сарнавишти талхашро пеши чашм оварда менолиду менолид. Вале, дилаш аз селоби ғам холӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор