Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ки гӯши шунавандаи мо дар ихтиёри шумост. Ҷавон танбӯрро соз карда, зарбу мақоми оҳангеро, ки аз падараш омӯхта буд, танинандоз кард. Меҳмонхонаро акнун навои фораму гӯшнавози танбӯр фаро гирифт. Мулло Тӯйчӣ намехост ин хонаашро халалдор созад, вале эҳсосоташро фурӯ нишондаву хомӯш монда натавониста, ба гӯши Шоҳбарот пичиррос кард.

  • Ӯ балада анча гап бор.

Ҳофизи номдор бо ин суханонаш аз қобилияти худ олӣ набудани Ибни Яминро ишора мекарду Шоҳбарот бо аломати ризояш сар меҷунбонд.

  • Усто агар розӣ бошед, писаратонро ба ихтиёри ман диҳед. Ман даҳ понздаҳ шогирд дорам. Дар қатори онҳо машқу таълим гирифта, мақому маром, пардаю созро ба хубӣ омӯзад ва мукаммал шавад.

Ҳозирин ба меҳмони олиҳиммат аҳсану офарин хонданд. Усто Исомаддин бо як мамнуният ин пешниҳодро пазируфт. Ибни Ямин шогирди санъаткори мумтози давр шуд. Баъди ба қавли рост шудани дасти шогирд Шоҳбароту Муллотӯйчӣ ба Ибни Ямин таъкид карданд, ки минбаъд ҳатман таълими устоди онҳо Умар Ҳофизи Исфарагиро гирад. Умар Ҳофизро аксари мардум "Корвон" меномиданд, ин эътирофи маҳорати баланди аробакашии ӯ буд. Устодони аробакашҳоро «Корвон» номидан дар байни одамон одат шудааст. Умар Ҳофиз як инсони дар меҳнати сахт шахшуда ва бо улфате буд. Бо дӯстонаш ҳар сол охирҳои тобистону аввалҳои тирамоҳ ба мардикорӣ меравад. Мардикорӣ на танҳо воситаи муҳайё сохтани асбоби сози рӯзгор, балки як василаи сайру саёҳат, истироҳату фароғат, одаму олам дидан ҳисоб меёфт. Ин тоифа пиёдаву савора шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа гашта, бо одаму ноодам, марду номард, касу нокас вохӯрда, бо меҳнати ҳалол нон ёфта, ҷояш ояд, дар базму размҳо ҳунарнамоиву қуввасанҷӣ ҳам мекард. Мардикорӣ мардиро танҳо ба қуввати ақлу бозу ва ҳунару маҳорати худ такя кардаву умед баста метавонист. Шояд аз ҳамин сабаб "то мусофир нашавӣ мусалмон нашавӣ" гуфта бошанд. Умар Ҳофиз дар базму сурҳои тошкандиён ҳам додӣ ҳунарро дода, устоди

пешина
аз 385
навбатӣ