Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

сари маврид баланд мекарданд. Ин садоҳо гӯё мурғони асир дар қафаси дил буданду суруду навои сеҳрангез ба онҳо озодӣ ато менамуд.

  • Усто, албатта, назди мо дасти холӣ наомада бошанд даркор? - Пурсид Шоҳбарот аз дӯсташ Исомаддин вақти фориғ аз созу наво ва сӯҳбату музокираи ҳакимон.

  • Ҳа, дарвоқеъ як барги сабз овардӣ. Падар ба Ибни Ямин бо ишораи чашм фармуд, ки танбӯри матоъпечро кушода пешкаш кунад ва бадоҳатан гуфт:

  • Барги сабз аст тӯҳфаи дарвеш Бечора чӣ кунад ҳамин дорад арзиш.

  • Ҷаноби шумо камтарӣ мекунед, ин тӯҳфаҳо баҳо надорад. Бай-бай ана ҳунару мана маҳорат. Эҳе, дастатон дарда набинад, усто. Шоҳбарот танбӯрро аз даст ба даст гирифта, хеле пушту паҳлӯ гардонида рӯйи даст ноаён ҳаво дода, гӯё вазнашро санҷиду сару гӯшаки он ангушту нохун зад. Аз ин таҳсину офаринҳо Исомаддин ҳамеша сарбаланду пургурур, андак хиҷолатзада гашта, сар хам кард. Рӯи сафеди сурхинай ӯ чун оташ он лаҳзаҳо даргирифт.

  • Тақсир ба намудаш баҳо надиҳед. Аввал садояшро шунавем, - гуфт усто аз рӯйи хоксорӣ.

  • Ранг бину ҳол пурс гуфтаанд, - суханони Шоҳбаротро тақвият дод, Муллотӯйчӣ. - Симояш, ки ҷолиб аст, садояш ҳам муносиби сохти қолиб мешавад-дия. - Раҳматуллоҳӯҷашон, ки баҳс карданро дӯст медоштанд, гапи дар дил будаашро ҳатман бояд мегуфт. Ба Муллотӯйчӣ андак эрод гирифт.

  • Мулло андак хато рафтед. Садои шумою товус муносиб не. Ин дар омади гап ба танбӯри усто ягон дахле надорад. Худои таъоло баъзе чизҳоро барои тамсил меофарида бошад, ки ҳамин хел халқ мекарданд. Танбӯрро Шоҳбарот харидорӣ кард. Усто аз ҷону дил ба дӯсташ бахшид. Машшоқ ин тӯҳфаи арзандаро ба даст гирифта намедонист, ки чӣ хел миннатдорӣ кунад. Ҳамин лаҳза яке аз нишастагон аз Ибни Ямин хоҳиш кард, ки танбӯр навозад. Меҳмонон писари усто будани навозандаи навмашқро дониста, бо як ҳусни таваҷҷӯҳ гуфтанд.

пешина
аз 385
навбатӣ