Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале дӯстон, шиносон ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро даъват мекарданд. Ӯ маҷбур мешуд, рустӣ аз падару модар ба ҷойҳои даъватӣ равад. Вале оё хунёгарӣ ҳунарест, ки онро пинҳон дошта мешавад?! Падар аз худсарии фарзанд огоҳ шуду ӯро танбеҳи сахт дод. Чунон қоҳиш дод, ки раҳми модар омада, писарро тарафдорӣ кард.

  • Ин қадар зиқ шудед, мардак? Монед чорто хурсандӣ карда, даврашро ронад. Одамҳои дуруст дари остонаамонро охурча карда, таклиф кунанд, ин бечора чӣ ҳам гуфта метавонад?

  • Ман нагуфтам, ки хурсандӣ накунад, кунад, аммо дар байни издиҳом ҳунарнамоӣ кардан чизи дигар аст. Одамҳо оянд, фаҳмонед, ки падараш манъ кард, гап тамом вассалом.

  • Тавба, то навохтанро ёд гирифтани бача ба як ҷо расидед, ҳатто ба Тошканд бурдед. Акнун пӯстинро чаппа пӯшида, манъ мекунед. Бачаро гаранг накунед, охир.

  • Агар ту дону нодон ба ҳар гапу кор ҳамроҳ шавӣ албатта, бача гаранг мешавад. Ман навозандагиро манъ накакардаам. Дар хонаи худамон, хешу табор, ёрӯ дӯст навозаду хонад, ихтиёраш, аммо дар тӯю сур не. Дар байни одамони бисёр шайтонтабиатҳо кам не. Ягон иғвою гапу калоча пайдо шавад, номи кӣ бад мешавад? Номи писари ту чунки ҳоло ин ҷавон ҳанӯз обрӯ нагирифта, шарманда шавад. Иснодасро ману ту чӣ хел мебардорем? Инашро фикр накардӣ? Бало аз таги пой мехезад, мегӯянд. Ягон дӯст ё душман фитнае хезонад, доғ ба рӯи писари ту мешаваду ба дили ман. Ту занак аз куҷо медонӣ мусиқӣ кори шайтон аст.

Баъди ин суханҳои талху тунди падар модараш ҳам ором гирифту Ибни Ямин ҳам ғарқи андеша шуд. Ҳарчанд то ҳол ӯ фаҳмида наметавонист, ки дар тӯйҳо иштирок кардан, дили мардумро ба даст овардан, чӣ бадӣ дошта бошад. Чаро падар, мусиқӣ кори шайтон гуфт? Аммо аз пурсидан шарм дошт. Худи маслиҳат кардагӣ барин Раҳматуллоҳуҷа эшон ҳам шогирдро насиҳат кард, ки ин қадар фирефтаи мусиқӣ набушад, вагарна аз илм бебаҳра мемонад. Албатта, ин илмро омӯхтану донистан даркор. Донистан дигару фирефта шудан дигар, ҳасти

пешина
аз 385
навбатӣ