Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Довуд пайғамбар бо танбӯр китоби Забурро тиловат карданд. Он бузургвор ҳам ҳамаи шунавандагонро моту маҳбут карда метавонад. Инсону ваҳшу тайр навои он касро шунаванд, мафтуну шефта ва фирефта мешаванд. Булбулон масту шайдо гашта, ба гӯшаки танбӯрашон менишастанд.
-
Домулло, аз чӣ бошад, ки мутрибию навозандагиро кори шайтон меномид, кадоме, ки ин хел бузургворон мисли ҳасти Довуд пайғамбар ин ҳунарро ба авҷи аъло расониданд, - пурсид фурсатро муносиб дониста, Ибни Ямин.
-
Мусиқӣ ба торҳои дили инсон сару кор дорад. Дил бошад, маълум, ки зуд ба васвасаи шайтон медарояд. Аз фармон сар мебарорад. Вуҷуди инсонро ду чиз - ақлу ҳис идора карда метавонад. Мусиқии шӯрангез қодир аст, ақлро рабуда, ҳисро ҳокими танг гардонад. Ҳис нафсро бедор мегардонад. Оқибати хурӯҷи нафс, фитнаю игвою ҳаромкорӣ ба ҳар гуна фалокатҳост. Аз ин рӯ, ромишгарӣ, кори одамони соҳибақлу маҳкамирода мебошад. Барои эҳтиёт кардани ромишгар мардум аз ҳар гуна фарҷоми бад кори шайтон гуфтаанд, ромишу ромишгариро. Набояд фаромӯш кард, ки одамон ҳархела мешаванд. Таъсири мусиқӣ ба онҳо якмаром не, лекин одамонро ба неку бад, дӯсту душман ҷудо кардан кори хатост. Бояд бикӯшед, ки ба душман некӣ карда, дилашро ба даст оред. Рӯзе мешавад, ки душман ҳам кор медиҳад. Иморат танҳо бо сутунҳои рост сохта намешавад. Синчу хобон ба сутуни каҷ ҳам лозим, то ки он маҳкаму пурбақо бошад. Аз якдигар эҳтиёт шавад, вале ҳаргиз ба роҳи душман наравед.
Муфаттиш бо зиндонӣ танҳо аз ҳунару санъат, илму адаб сӯҳбат мекард. Онҳо чун устоду шогирд, роздону ҳолдон шуданд. Шогирд рӯзе як сирро ба устоди мусиқиаш кушод. Ман медонам, ки шумо гунаҳкор нестед, вале ба рӯйхат номатон афтодааст. Аз рӯи он шумо ҳатман гунаҳкор дониста, нобуд карда мешудед. Лекин бахтатон баландӣ кард, иншоаллоҳ барои халос кардани шумо кӯшиш мекунем. Ҳамин тавр, ӯ зинда монд, лекин бо гуноҳи сӯйистеъмол аз мансаб ҳукм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор