Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Дар охир ҳама хоҳиш мекарданд, ки Домулло Ибни Ямин навои «Дилхурӯш»-ро навозад. Домулло танбӯрро соз карда, чунон нағмасаро мешуд, ки дар дили шунавандагон оташи завқ фурӯзон мегашт. Баъзеҳо сабру тоқатро аз даст дода, ба мобайн мебаромаданд ва чун мӯйи ба оташ афтода, печутобхӯрон бо ҳаракатҳои ҳайратангез мерақсиданд ку мерақсиданд...
Эҳ дунё, дунё! Дар умри худ ӯ бисёр балову офат, сахтиву зорӣ, хавфу хатар дид, гумон дошт, ки қазо рафту қадар монд. Дар овони пирӣ осудаю ором мезияд, лекин аз баҳрҳои хурӯшон гузашту ҳоло дар кӯлмаки ором ғарқ мешавад? Аз ҷариҳои ҳавлнок, рӯдҳои ҷӯшон беосеб баромаду аммо ҷӯйҷае садди касногузар шудааст. Наход, дар ин дом дармонам?
Хайр, ба тақдир бояд тан дод. Ҳар чӣ пеш ояд, хуш ояд.
Агар сад сол монӣ гар яке рӯз бибояд рафт аз ин коҳидилафрӯз.
Ба аҳли фазл ҳаргиз нест дунёҷӯйро коре, Ба чашми ин хасисон аз зумуррад каҳрабо беҳтар.
-
Шуд! Бас! Дил намонд. Обу адо шуд, - баланд садо дод, нидои омирона. Сарояндаро шигифт омад. Аҷабо, ин тоифа ҳам дил доранд? Ҳа, санг ҳам диле дорад! Аз чашмони пурхуни хӯҷаини дузд ҳам оби дида заҳида баромада, рӯи пажмурдаашро тар мекард. Худои меҳрубон дили санги ӯро нарм гардонид. Нолаи танбӯр ва суханҳои ҳикматомезро гӯши қалби ӯ шунид. Гули нафису нозуки санъату сухан ба синаи сард чун замини дар зимистон яхбаставу аз хуршеди баҳор нарм ва гарм решаи маҳинашро давонид.
-
Резед, ғамҳоро аз дил барорем! Пас аз холӣ шудани косаҳо меҳмон аз хӯҷаин узр хост:
-
Гуноҳи маро бубахшанд. Ҷавонӣ, ки рафт бори ғами пирию гузашти умри ширин касро зер мекардааст. Иҷозат шавад, бо навозише хотири ҷавонмардонро шод гардонам? Дар базми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор