Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷавонӣ нишаста, ғами пирӣ хӯрдан, гуноҳ аст.

Бо ризои саркарда танбӯр ба сухан даромад. Навои "Дилҳу-рӯш" замину замонро ба ҷӯш овард. Ҳама ба ҷунбиш даромаданд. Сабру ихтиёру қарор аз даст рафт. Нафаре чанд ба рақс омад. Бошитоб табақ, косаю пиёлаҳоро ғундоштанд, хони неъматро аз миён бардоштанд. Ҳама мастона, ошиқона, ҷунунворона мерақсиданду мебозиданд. Аз ҳар ишваю адо мавҷи садо ва нидо баланд шуда, шифти кулбаи пастакро мекафонид. Аҳли нишаст ҳамаро фаромӯш карданд. Онҳо кистанд, чӣ мақсад доранд, ин ҷо чаро гирд омаданд? Танҳо ромишгар ҳушёр ва бедор буд. Ӯ ҳис кард, ки инону ихтиёри ҳамнишинон дар панҷаи ӯст. Дар айни авҷи хурсандии бо наво ҳӯсни анҷом бахшид ва даст ба дуо бардошт.

То ҷаҳон боқист, кохи дӯстон маъмур бод.
Ин макону сокинонаш масрур бод.

  • Хӯҷаин, агар иҷозат бошаду ба ман ҷавоб медодед, рафта каме дам мегирифтам. Ҳар гоҳ лозим донед, ба хизмати шумо тайёрам. Ман аз шумо як умр қарздорам ва сипосгузорам. Бар падаратон раҳмати Худо борад, бар ман умри дигар, ҷавонии нав бахшидед. Ман ҳамеша ташнаи муштоқи сӯҳбати дидори шумоям.

  • Не, падар шумо не, мо қарздорем. Мо акнун чӣ будани лаззати зиндагӣ, ширинии ҳаётро фаҳмидем, донистем, ки рӯзгор чист, шодию хурсандӣ чист. Гиред, пулҳоятонро!

  • Не. Хӯҷаин, ҷон писарҷон ман онро ба шумо бахшидам ку. Ин пул чӣ қадр дорад? Боз як даҳчанди пул бошад ҳам, онро ба як лаҳзаи шодию хурсандӣ ҳам, ки ба ман бахшидед, намегирам. Шарафи шодишарикии базми нишоти шумо ин як муқофоти олӣ аст, ки онро бо тамоми пулу моли дунё ёфта намешавад. Ба хурсандии ман нигаред.

  • Не. Ин пули амонат ва шумо амонатдор будед. Мо онро гирифта наметавонем, - қатъӣ гуфт сардори дуздон, ки аз рафтори ҷавонмардонаи меҳмон шефта ва мафтун буд.

— Падар, ман мисли шумо одами кушодадилу кушодарӯйро надида будам. То ман ва ин йигитҳо ҳастем, дар ин шаҳр ба пойи шумо хоре намехалад ва мӯйе аз саратон кам намешавад. Худо ёратон!

Ромишгарро ҳамон роҳбалади дамдузд то дарвозаи бозор гусел кард. Ӯ то субҳи дам мижжа таҳ накард. Саҳарӣ барвақт, ки ҳама дар хоби ноз буданд, хеста таҳорат карду ду ракъат намози шукр ба ҷой овард ва аз баҳри бори боқимондааш баромада, пинҳонӣ ин шаҳрро тарк гуфт.

Ин як рӯйдодест, аз рӯзгори домулло Ибни Ямин Исомаддинзода — ромишгари хушнаво, донанда ва сарояндаи «Шашмақом», арбоби маорифу фарҳанг, ходими давлатӣ, ташкилкунандаи театр дар шаҳри Душанбею Исфара, созмонгари сайрҳои мардумии «Гули Лола».

Рӯзгори ин марди наҷиб он гули баҳориро мемонад, ки дар рӯйи хоросанг дамидаасту решааш ба қалби он давидааст. Ӯ дар як замони пур аз тӯфонҳои пурдаҳшати иҷтимоӣ зиста, 94 баҳору тирамоҳи умрро дидааст.

Мавлониддин Пӯлодзода
Феврали соли 2003

пешина
аз 385
навбатӣ