Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
андешаманде менамуданд. Пайваста машғулияти он кас мутолиаи китобҳо буд. Аксар вақте ки дар хона падарро медидам, рӯйи сафҳаи китоб сарашон хам буд. Аммо бо вуҷуди хандонрӯйӣ дар чеҳраи эшон осори андӯҳи гароне ба мушоҳида мерасид. Чун падар хушчакҳаку оромтабиат буданд, ман ҳеҷ вақт дар ёд надорам, ки он кас беҳудагӯйву ёвагуфторӣ дошта бошанд. Аммо зеҳни мани кӯчаки хурдсолро бештар як матлаб машғул медошт: Чаро падарам чеҳраи ғамзадае доранд, ки аз рӯзгори хеле пештар нақл мекунаду бароям норӯшан аст? Баъдан бо гузашти солҳо аёнам шуд, ки озурдагии қиблагоҳии бузургам дар чӣ будааст.
Азбаски падар яке аз донишварони замони хеш будаанд, айни камолоту кори пайкори он кас ба замоне рост омад, ки дар давлатдории собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истилоҳҳои "НКВД", "кулак", "муҳоҷиркунӣ", "эшонзода несткуниву қуръонсӯзӣ" "рӯйхати сиёҳ"-у дигар доғҳои он давр будааст. Бадбахтона номи падарам Ибни Ямин низ бо дасисаву дурӯғбозии баъзе афроди худӣ ба "рӯйхати сиёҳ" шомил шуда будааст. Ба рӯйхати сиёҳ шомил шудан маънии онро дошт, ки ё ҳабси абад, ё бадарға ва ё бе ному нишон гум шуда рафтанро ба дунбол дошт. Аз рӯйи нақли модарам ва дигар аммаю амакҳоям низ он солҳои кӯдакиям дар ёд дорам, ки ҳамеша тарс аз он доштанд, ки падарро ба ҳабси якумрӣ ё бадарғаи беному нишон гум шуданро ҳукм накунанд. Боз як чизи аҷиб буд, ки аксарият, ки он вақт ба "рӯйхати сиёҳ" афтида бошанд, дар назди ҳукумату давлат ва режими сахти коммунистӣ ба чашми давлат хор буданд, аммо на ҳабс мешуданду на бадарға. Бадии кор дар он буд, ки дар мактабҳои миёна низ ба фарзандони ин гуна афрод ҳамчун душмани давлат муроот мекардаанд. Фарзандони одамҳои дар рӯйхати сиёҳ буда, аз ҳама гуна имтиёзҳои давлатӣ маҳрум буданд. Ҳатто ба макотиби олӣ раҳ намеёфтанд. Дар кӯчаву паскӯчаҳо, хиёбону гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба одамони дорои лақаби "душмани давлат" дошта муносибати ноодилона мекарданд. Ҳама, ҳатто дӯстону хешовандони чунин шахсҳо аз сӯҳбат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё