Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Писарам (падар маро гоҳ-гоҳ аз хурдӣ духтар неву писар хитоб мекарданд), медонам, ки азми ту қатъӣ аст. Оё бо пеш гирифтани чунин роҳ ту ба мубориза омода ҳастӣ?
-Мубориза?—ман, ки умуман дар таълифи китоб вожаи муборизаро бегона медонистам, бо ҳайрат пурсидам.
-Оре, мубориза,—такроран посух гуфтанд қиблагоҳиам.
-Чӣ гуна мубориза, ман бо касе ҷанг карданӣ нестам-ку, ҳамту барои тарбия равияи наву ҳамзамон баргирифта аз маъонии волои оёти Қуръону аҳодиси Расули акрам (с) ва дигар классикон ҷамъ меоварам халос,—гӯё як навъ ба падар фаҳмониданӣ шудам.
Падар бо тамкин ҳарфҳои маро гӯш карданд ва баъди андак сукут гуфтанд:
-Писарам Наҷотхон, ҳар ҳарфи китоб ба сари ту калтакест, ту оё ба ҳама навиштаҳоят ҷавоб дода метавонӣ? Оё метавонӣ худро ҳимоя кунӣ? Оё метавонӣ дар муқобили мунаққидону донандагони тарбия истодагарӣ намойӣ? Кори ту сар то по мубориза аст, духтарам.
Комилан сукут кардам, гӯё ба даҳон об гирифта бошам, ҳеҷ чиз ба даҳонам наомад. Боз ҳамон гӯфтори Софияи тошкандӣ маро ба андеша водор сохт, ки мегуфт:
"Кори шумо сар то по маҷмӯи муборизаҳост".
Аз пешгӯии София ва тадбири хирадмандонаи падар дар тааҷҷуб ғарқ шудам. Чаро падар низ каромот мекунанд, ки ман бояд мубориза барам. Таваккал ба Худо, ман ҳатман аз пайи иншои ин дастуроти таълимиву тарбиявӣ мешававам.
-Дадаҷон, шумо дуо кунед, ҳамааш хуб мешавад, медонам, ки ман бе дуо ҳеҷ чиз карда наметавонам, дуои шумо сабаб мешавад, ки маро Худованд худаш ҳидоят мекунад.
Падарам исрори маро диданду рӯй ҷониби қибла намуда, дуо дар ҳаққи ман ва роҳи пешгирифтаам намуданд. Дастони ларзони падар, ки ҳангоми омин гуфтан ба рӯй мекашиданд, баръало дидам, аз кунҷи чашмони падар донаҳои ашк заҳида, сарозер рӯяшонро шуст. Дуои падар буд, ки маро Худованд нерӯи дигар бахшид. Дар дилам туғёни наве бунёд ёфт. Бо он ҳама мушкилоти эҷодӣ аз роҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё