Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.
Ман аз ғайритоҷикон умуман дар дил он лаҳза кинаву адовате надоштам. Зеро медонистам, ки чунин коргузорӣ дар хуни эшон аст. Набояд аз ин гирумони онҳо ранҷид, чунки онҳо дар дами фано будани сулоладорияшонро эҳсос карда истодаанду бо вуҷуди ин дар ин лаҳзаҳои ҳассос намехоҳанд нуфузи эшон аз вуҷуди дигар миллатҳои кӯҳан зудуда шавад. Ман ин амалкарди эшонро албатта табиӣ қабул кардам. Аммо гиламандии ман дар дигар чиз буд. Ҳаммилату ҳамзабонони ман, ки 70 сол дар сози нақораи дигар миллат рақс карданд, магар надиданд, ки ганҷинаи ноёби ниёгонро аз даст додаанду аз ахлоқу одоб ва русуми поки инсонӣ дур рафтаанд? Магар ҷонибдории онҳо аз дигар тоифаи динкушу фарҳангкуш барои мо ояндаи хуберо ба бор меоварад? Магар намебинанд, ки моро на фақат аз худошиносӣ дур карданд, балки аз худшиносӣ низ дар вуҷуди мо чизе боқӣ намондааст. Оё ин нуқтаҳо виҷдони тоҷикии онҳоро азоб намедиҳад, ки эшон дар ботини насли наврас ҳатто миллатшиносиро куштаанд? Ин буд сабабҳои ранҷиши асосии ман аз ҳамзабону ҳамхун ва гузашта аз ин аз ҳаммарзу ҳамшаҳриҳоям. То ба ҳанӯз ба як суолам посухи дурусти қаноатбахше ёфта наметавонам: Тарафгирӣ аз миллати дигар ба кадом хотир буд?
Борҳо маро танбеҳ доданд. Ҳатто ба рӯям беибо мегуфтанд, ки "шумо одами қадим, аз асри 18 боқӣ мондаед, ин курсӣ ҷои шумо нест" ва якчанд дигар маломатҳои болохонадори дигар.
Бо чунин дору надори қисмату дасисаҳои бешумори масъулин аз таълифи "Хишти аввал" боз наистодам. Соли 1991 аввал дар газетаи "Омӯзгор" ба таври силсила дастурам пешкаши мардум гардид, ки шодравон Насриддинов он вақт сармуҳаррири нашрия буданду дар ин ҷода кӯмаки бевосита намуданд. Баъдан бо кӯмаки директори Пажӯҳишгоҳи улуми педагогӣ академик М.Лутфуллоев дастур ба табъ расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё