Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷое, ки маро даъват мекарданд, аризаи дастаҷамъонаи кормандони кӯдакистонро пешам мепартофтанд ва бо ишораи каллаҷунбониҳояшон бармало менамуданд, ки дар интихоби ман ба истибоҳ роҳ додаанд. Аммо намедонистанд, ки маро чӣ кор кунанд. Зеро медонистанд, ки ман ба ҷуз ҳақиқат чизе намегӯям. Ҳамзамон дуздидани амволи кӯдакистон ва маводи хӯрокӣ умуман дар давраи ман хотима дода шуда буд. Мудири анбори хӯрокии кӯдакистон Гуля Ғафурова бо ҳаммаслаконаш Зотова, Ҳатамова, Петроваю Чикаева ва чанде дигарон намедонистанд, ки бо ин пешомади шумашон чӣ кунанд. Зеро ҳама гуна ҳаромхӯриро ман сахт маҳкум кардам ва алайҳи ҳама гуна қаллобию дуздӣ муборизаи бераҳмона бурдам. Инро аз чеҳраҳояшон, ки сар то по ваҷоҳати танаффур ва хусумату кинаву адоват буд, ман бемалол хондам.

Моҳи августи соли 1991 аз маъмурияти завод сардори шӯъбаи музди меҳнат Маргарита Павловна Снеговская бо ҳамроҳии як ҷавонзан аз шӯъбаи муҳосиботи завод барои санҷиш омаданд. Вақте маводи хӯрока — гӯшт, ҳасиб ва равғани зардро баркашида санҷиш гузарониданд, се килограмм равғани зард камомад дошт. Ва онро аз болои яхдон паси қуттиҳои холии тухм ёфтем. Гӯшт ва ҳасиб ҳам камӣ кард, ки дуздии Гуля ва дӯстонаш ошкор шуд. Ба ин гуноҳ Гуля аз кор сабукдӯш гардид.

Ин гурӯҳ ҳар рӯз маҳфили нӯшонӯш дошт, ки дар утоқи кории ҳамшираи шафқат Ҳатамова онҳо ҳамеша пинҳонӣ ҷамъ шуда, ба айшу нӯш мепардохтанд. Аммо бо дидани ман даступошонро гум кардагӣ барин, дарҳол пароканда мешуданд.

Вақти соати оромии кӯдакон буд. Аз ошёнаи якум хостам ба утоқи кориам бароям. Аммо доду шавкуни кӯдакон шунида шуд. Ҳайрон шудам, ки бояд ин лаҳза кӯдакон дар соати оромии хоб бошанд. Чаро чунин доду фарёд. Аз зинапояи баромада истодаам, чаппа поён фаромадаму ҷониби он гурӯҳе рафтам аз пушти дари он садои хандаву гиряи кӯдакон меомад. Дарро во кардаму чашмонам аз ҳайрат мош барин кушода шуд.
Кӯдакон ҳамдигарро бо болину кӯрпаҳо мезаданд. Яке баландбаланд

пешина
аз 385
навбатӣ