Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

шуда буд. Баъди 70 соли тӯлонӣ бори аввал чунин лоиҳа ба тасвиб расид, ки фикр мекунам беҳтарин пешаи корӣ буд. Зеро то ин вақт концепсияи тарбияи коммунистӣ ва руспарастӣ дар кӯдакистонҳову макотибҳои кишвар амалӣ мегардид. Бори нахуст дидам, ки чеҳраи мудирони рус ва масъулини маориф то ба ҳадде шикастааст, ки ман ҳеҷ вақт эшонро дар чунин ҳол надида будам. Ҳамаашон гурбаи ба об афтидаро мемонданд.

Диброва бо як салобати худписандона маҷлисро кушода эълон кард ва бо як сардиву дағалона лоиҳаро ба дасташ гирифта ҳозиринро бо мӯҳтавои он подарҳаво шинос кард. Ӯ тавре лоиҳаро муаррифӣ кард, ки ошкоро муқобилати худро бо чунин лоиҳаи миллӣ зоҳир намуд. Бо як қароҳату қабоҳат лоиҳаро ба як сӯй гузошту:

-Ба ёд оред соли 1929-ро, -лунҷашро бо ангуштони дарозаш хорида истода хитоб кард, -агар таърихи ин солро хонда бошед. Акнун айнан соли 1929 ба соли 1991 баробар шуд. Мо ба ҷои он ки пеш равем, минбаъд ба ақиб бармегардем.

Баъди баромади "пурмӯҳтавою оташин"-аш теғи чашмашро Диброва сӯи ман карда:

-Ана акнун шинос мешавем, ки кӣ аъзои комиссияи лоиҳаи концепсияи миллӣ аст, -ангушташро мисли мили таппонча ба сӯи ман ишора карда, бо зарда, - мӯҳтарама Исомаддинова, яке аз миллатчиёни ашаддӣ, зани бесаводи аз асри 18 монда, -гуфт.

Аламам боло гирифт, сидқан бояд гӯям, ки Диброваро аз ин пеш то ба ҳадде дӯст намедоштам, инак бошад, аз пештара бештар бадаш дидам. Ҳозир будам, мисли паланге сӯяш биҷаҳаму аз гулӯяш гирам. Аммо паҳлӯям мудири боғчаи №3 апаи Ҳалимахон менишаст, ҳолатамро пай бурда, дастамро қапид, то аз ҷоям нахезам. Ӯ бо имояш, ки сар то по меҳр буд, маро ба оромӣ даъват кард. Ҳеҷ чиз нагуфтам. Ҳамоно Диброва тирҳои маломаташро ба унвони аъзои комиссияи лоиҳаи концепсия, ки аксаран устодони варзидаи ҷумҳурӣ, докторону номзадҳои илм ва умуман олимони пургайрати миллат буданд.

пешина
аз 385
навбатӣ