Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
фарзанди Мулло Маъруф будам, мутаассифона анъанаҳои коммунистии рӯзахӯронии иҷборӣ аз ҷониби муаллимони мактаб аз ман оғоз меёфт.
-Кани, духтари домулло, ин ҷо бароед,-муаллиме ба ман хитоб кард. Ман, ки дар издиҳоми талабагон будам, ба болотари саҳнаи мактаб баромадам. Он ҷо қатори муаллимон бо салобат ба талабагон нигоҳ доштанд. Аз рости рӯза будам ва ҳамеша аз хурдӣ рӯза мегирифтам. Муаллим маро пурсид:
-Шумо, духтари нағз рӯза ё рӯзахӯр?
Ҳеҷ чиз нагуфтам, сарам хам буд. Пиқир-пиқири ханда аз ҳар ҷой гоҳ-гоҳ баланд мешуд. Сарамро бардошта дидам, ки ҳамон муаллим ба ман стакани обро дароз карда истодааст. Падарам, ки моро хеле сахтгирона дар рӯҳияи худодӯстӣ тарбият мекарданд, ҳамеша насиҳат медоданд, ки замона чунин шудааст. Худобехабарӣ дар авҷ аст. Ба ин хотир мо бояд аз рӯйи гуфтаи падарамон бо режими сахти коммунистӣ бояд, ки созиш мекардем. Стаканро гирифтаму як қулт обро нӯшидам. Аммо дилам гиря дошт. Худованд шоҳид, ки дар сари ман як фикр буд. Аз худам наметарсидам. Аммо бим аз он доштам, ки агар рӯзаамро нахӯрам, ба сари падарам боз балои дигаре меомад. Боз маҳкама ба маҳкамаву милисахона ба милисахона мебурдандаш.
Омадам, сари зонуи падари пирам сарамро гузоштаму бо тамоми вуҷудам инони гиряро сар додам. Падарам бе он ки ҳақиқати ҳолро аз забонам фаҳмида бошанд, оромона гуфтанд:
-Рӯзаатро дар мактаб иҷборан хӯрониданд? Ҳеҷ гап не, духтарам,-аз кунҷи чашмони падарам ашки талхе заҳид, ки бо дидани ашки падар дилам боз рештар шуду худро ба хона дарун задам. Ҳамзамон падари худотарсам бо чеҳраи афсӯсбор гоҳ ба замин назар мекарду гоҳ ба осмон. Аммо худ бе ҳаракат аз ҷой начунбида меистод. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки бо Худо роз мегӯяд...
Бо ин ҳама падарам аз корҳои эҷодӣ ва маорифпарварӣ боз намонданд. Аввалин нафаре буданд, ки дар вилояти Кӯлоб мактаби бунёди замони навро таъсис доданд (қабл аз ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё