Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

вилоятӣ аризаи маро баррасӣ карданд ва қарори суди шаҳри Исфараро бекор сохтанд.

Моҳи октябри соли 1992. Суди граждании вилояти Ленинобод дар ҳайъати раисикунанда Абдуқаҳҳор Ғафуров, раисии президиум Извилло Хоҷаев, аъзоёни президиум Л. Капралова, М. Мамадазимов ва бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи прокурори вилояти Ленинобод Н. Рухсатуллоев ва чанде дигарон аз рӯи эътирози прокурори вилояти Ленинобод нисбат ба ҳалномаи суди халқии шаҳри Исфара аз 29 майи соли 1992 ва таъиноти коллегияи суди вилояти Ленинобод оид ба корҳои гражданӣ аз 5 августи соли 1992 аз рӯи даъвои ман ба ҷавобгарии заводи гидрометаллургии шаҳри Исфара «Дар бораи барқарор кардан дар вазифаи пештара ва рӯёнидани музди меҳнат аз прогули маҷбурӣ» дида баромад.

Аз ин пеш, ки бо маслиҳати Акчурин ба вазорату дигар мақомоти ҷумҳуриявию вилоятӣ мактуб аз шарҳи ҳоли хеш ирсол дошта будам, маълум шуд, ки ҷавоби онҳо ба президиуми суди вилоятӣ омада расида будааст. Зимнан бояд бигӯям, ки ҳама посухҳо барои ҷонибдорӣ ва ҳимояти ман нигаронида шуда буданд. Аз ҷумла аз вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо мазмуни он мактуб омада расидааст, ки банда узви комиссияи концепсияи миллӣ мебошам ва раво дидани чунин кор дар заводи металлургиро маҳкум кардаанд. Аз управленияи маорифи вилояти Ленинобод низ посухномаи вижае омадааст, ки сар то по аз ғайриқонунӣ гузаронидани аттестасия ҳарф задаанд. Дар ҳама ин дархостҳои масъулин қотеъона талаб карда мешуд, ки маро ба кори пештараам барқарор ва музди меҳнати прогули маҷбуриям, ки бо ноадолатии комиссияи аттестасионӣ, ки асосан онро иттифоқи касабаи заводу масъулини маориф ба ҳам пайвастааст, бояд ҷуброн карда шавад.

Суди вилоятӣ мунсифона парвандаи граждании маро дида баромад ва ба хулосае расид, коре, ки дар ҳаққи ман дар завод шудааст, ғайриқонунӣ будааст. Инчунин суди халқии шаҳри Исфара санаи 29 майи соли 1992 барои аз нав дида баромадану баррасии парвандаи граждании ман, ки сарпечӣ

пешина
аз 385
навбатӣ