Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
иштирокчиён аз кору бори зиндагӣ монда, вақти қимати хешро исроф карданд.
27 январи соли 1992. Имрӯз бояд суд ба кораш идома бахшад. Ин субҳ низ чун рӯзҳои ахири фасли сармо хеле сарду нороҳаткунанда буд. Шамоли барфолуда тирезаи мошини сабукравро мепӯшонду оинатозакунак бошад, болову поён шуда, онро тоза мекард. Дар дилам тӯфоне бархоста, намедонам аз чӣ бошад, хунам меҷӯшид. Аз оинаи мошин ба берун назар афкандам. Дарахтон урён, ду тарафи қади роҳ сап-сафед барф пӯшонида буд. Танҳо миёнҷои роҳ аз сабаби гашту гузори мошинҳо барфаш об шуда, об задагӣ барин, тар буду асфалти сип-сиёҳ ҷило медод. Гоҳ-гоҳ ба чуқурчаҳои роҳ, ки аз об пур шуда буданд, чархи мошинҳои муқобил омада зада, оби лойолударо ба оинаи мошини мо мепошид, ки дар натиҷа шиша хираву ношаффоф мешуд.
Ҳимоятгарам Наил Акчурин бошад дар паҳлӯи ронанда ба гирду атроф эътибор надода, ба сари зонуяш папкаашро монда, ба ҳуҷҷатҳои дар дасташ буда, гаштаву баргашта назари ҷиддӣ медӯхт. Нӯги қаламро ба лабаш бурда, ким-чӣ мегурунгид, ки ҳарфҳои нофаҳмояшро ману ронанда дарк намекардем.
Расо соати 8.00 сабукрави мо дар дами дарвозаи бинои суди халқии ноҳияи Конибодом таваққуф кард. Ин дафъа Усмон Шокир наомад. Зеро мӯҳлати сафари хизматии ӯ аз 14-ум то 17-уми январ буд. Дадоҷон Норматов худаш ин бор танҳо омада буд, ки моро дар дами дар пешвоз гирифт.
Ба толори суд ворид шудему баъди се-чор дақиқа ҷавобгарон се тан омаданду халос. Бо баробари дидани журналист Норматов дар лаби Эшонову Солиеву Тӯхтаев табҳол дамид. Нигоҳашонро песонида ба кунҷе нишастанду варақи холиро пеш гирифта ба навиштани чизе шурӯъ карданд. Маълум буд, ки онҳо ба тамоми вазъияти ояндаашон нақшаҳои хубе кашида будаанд.
Мурофиаи судӣ низ дар соати муқарраршуда ба кори хеш оғоз карду Эшонов ғайричашмдошт ба раиси суд варақаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё