Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Масъалаи корро гап занед, майлаш ҳуқуқ доред, агар фактҳо нодуруст бошад, журналистро ба суд диҳед. Аммо ҳоло дар бораи масъалаҳои асосӣ гап занед, - бо тундӣ раиси суд Мамадова ба Эшонов хитоб кард.
Аз эроди судья Солиев у Тӯхтаев камтар нороҳат шудани худро намоиш дода, пуҳ-пуҳ сулфида монданд. Эшонов аз он ки ба фукаш хӯрд, боз саросема ба маърӯзааш пардохт:
-Дар масъалаи аттестатсия бошад, аттестатсия мувофиқи қонун дар асоси фармони маъмурият гузаронида шуда, бо ҳамаи қоидаҳояш риоя карда шудааст. Мо бо ризогию бо иштироки ҳафт нафар мутахассисони беҳтарину таҷрибаноки маориф аттестатсияро гузаронидем. Марҳамат ба протоколи он қазоват кунед. Ҳама саволҳои ҷавобҳо он ҷо нишон дода шудааст. Аз тарафи мо иштироккунандагони роҳбарияти завод савол ба ин кас дода нашудааст. Он аттестатсия ягон ҷои ғаразнокиаш набуд. Мо чанд нафар аз роҳбарияти завод ҳамчун шунаванда иштирок кардему халос. Хулоса маълум шуд, ки Исмаддинова корро намедонад, ба ягон савол ҷавоби қаноатбахш надоданд ва комиссия бо як овоз "ба вазифааш номувофиқ"-гӯён овоз дод. Албатта ба ин қарор маъмурияти завод маҷбур шуд, ки ин касро аз вазифаи мудирӣ гирифта, ба вазифаи мураббиягӣ гузаронад. Ба ин фармон Исомаддинова розӣ нашуд ва ниҳоят маъмурият маҷбур шуд, ки Исомаддиноваро аз кор озод намояд.
Хулоса Эшонов он чӣ ба даҳонаш омаду ба худ муносиб дид, (албатта аз зовияи манфиатҳои худи ӯ ва ҳаммаслаконаш) - бе ибо гуфтан гирифт, ки дар охир аз суд бо як маром аз номи маъмурияти завод талаб ва хоҳиш кард, ки даъвои маро қаноатбахш карда нашавад.
Баъди маърӯзаи "пурмӯҳтаво"-яш суд аз ҳимоятгари ман ва прокурор пурсид, ки оё саволҳо ҳаст ё не.
Акчурин баъд аз он ки иҷозаи саволдиҳӣ гирифт, ба Эшонов рӯй оварда:
-Мӯҳтарам Эшонов, марҳамат карда гӯед, вақте дар асоси конкурс касеро ба кор қабул кунанд, оё аз рӯи кодекси меҳнат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё