Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Пештарашон справка нагирифта, ин кас насанҷидаю надониста ба кор қабул кардям. Рӯзи конкурс аз даруни аз байни шаш нафар довталабон, ки педагогҳои ҳақиқӣ буданду стажи кори бисёрсола доштанд, яке аз онҳоро интихоб накарда, мо роҳбарҳо ин каса маданияти гуфтору пӯшокашон баланд гуфта, ба кор гирифтем. Ҳамон рӯзи дуюми корашон ҷанҷол кардагӣ рӯз, Исомаддинова китоби программая ба столи Петрова бардошта задиянд, барои ҳамин онҳо шӯру ғавго бардоштагӣ. Аз рӯзе ин кас ба кор рафтиянд, фақат навис-навису навис-навис, дигар кор не, ягон кори тарбиявӣ шудагиш не. Дар вақти кор ба ҷои кор кардан, ин кас китоб менавистиянд. Ана ба ин табел нигоҳ кунед, охир ин кас бухгалтер шуда кор кардагӣ, — Солиев дар ҳақиқат як табели сиёҳнависро намедонам аз куҷо дастрас карда бошад, ба судя дароз кард.

Аммо аҷиб буд, ки табел имзову мӯҳр надошт. Маълум буд, ки сиёҳнависиҳои худи ман аст. Лекин аҷабам гирифт, ки ӯ табелро аз куҷо ёфта бошад.

— Ҳамин табелам туғрӣ навистагӣ не, — ангуштонашро ба ҳамдигар қулфак карда, ба суханаш идома дод Солиев. — Рӯзи 20 апрел маҷлиси профсоюз кардем, ин кас худашон иштирок кардагишон не. Вақте ки директор бо мактуб барои аз кор холӣ кардани Исомаддинова розигии иттифоқи касабаро хаттӣ аз мо пурсид, аъзоҳои комиссияи иттифоқи касаба бо як овоз барои аз вазифа холӣ кардани Исомаддиноваро хост. Дар дела протоколи ҷамъомад ҳаст. — Солиев андак солхӯрда, ки буд, аз ин рӯ аз синну солаш истифода бурда, ба таҳдид гузашт, — Агар ин каса барқарор кунетон, якташ ман роҳбар-раиси иттифоқи касаба, ки бошам, намемонам, ки Исомаддинова он ҷо кор кунад. То ман дар завод ҳастиям ин кас он ҷо кор намекунанд.

Солиев баъди ин ҳарфаш, ки оҳанги таҳдиду зӯровариро дошт, аз ҷониби прокурор ва судя танбеҳ шунид. Намояндагони суд Солиевро ҳушдор доданд, ки завод моликияти шахсии модаркалонаш нест, ки ӯ ҳар касеро хоҳад

пешина
аз 385
навбатӣ