Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
меравад. Ҳамчунин, ҳикояи «Ҷаға» ва чанд ҳикояи дигари мавсуф дар ними дувуми солҳои 80-ум ба табъ мерасанд. Ду ҷилди куллиёти Ф. Муҳаммадиев солҳои 1978 ва 1980 дастраси алоқамандон гардиданд. Умуман, тамоми асарҳои адиб дар шакли куллиёт ва китобҳои алоҳида ба чоп расиданд. Охирин маҷмӯаи қисса ва ҳикояҳои Муҳаммадиев бо номи «Варта» баъди марги нависанда, соли 1987, ба дасти хонанда расид. Фазлиддин Муҳаммадиев ба сифати эссенавис, публитсисти фаъол ва ҳаҷвнигори забардаст низ маъруф аст. Соли 1985 маҷмӯаи очерку эссе, публитсистика, фелетон, намоишнома ва мақолаҳои адиб бо номи «Дӯстон тоҷи сар» чоп гардид. Сарлавҳаи яке аз мақолаҳо «Мо ҳамагӣ масъулем, ҳар’яки мо масъул аст» ном дорад ва ин шиори тамоми фаъолияти қаламкашии нависанда аст. Ё худ дар мақолаҳои «Косадум» ва «Прокурорҳои нармдил ва дуздони шердил» масъалаи оштинопазир будан ба шахсони баддил ва мансабталошу мусолиҳакорро мебардорад.
Ф. Муҳаммадиев пайваста ба филмсозони тоҷик ҳамкорӣ дошт ва аз рӯйи асарҳои ӯ чанд филми бадеию мустанад бардошта шудааст. Махсусан, филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи Ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980), ки аз рӯйи филмномаҳои адиб наворбардорӣ шудаанд, то ҳозир хазинаи «Тоҷикфилм»-ро оро медиҳанд. Филми бадеии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ соҳиби мукофот гардидааст. Нависанда дар соҳаи драманависӣ ҳам кӯшишҳо кардааст ва мазҳакаи «Арӯси охирини амирулмӯъминин» (1983), яке аз онҳост. Қариб ҳамаи асарҳои бадеии Ф. Муҳаммадиев ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин, қисса ва ҳикояҳои ҷудогонаи адиб ба забонҳои украинӣ, белорусӣ, қазоқӣ, латишӣ, эстонӣ, узбекӣ, арманӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума ва чоп гардидаанд. Чанд асари ӯ ба алифбои форсии арабиасос низ дастраси хонанда шудаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо