Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар «Мазористони Лучоб» қарор дорад. Чандин мактабу маҳаллаву муассиса номи шарифи ӯро ҷовидонӣ медоранд. Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:

Дар рӯи замин намонд маҳман,
Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.
Лоиқ

НАМУНАИ АШЪОР

БА МОДАРАМ Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам, Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният, Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон, Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният, Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурзӯҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!

Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ...
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯй,
Аё модар, аё модар!

Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди русто домони гардун гӯй часпида
Туро барбаст роҳи ниятӯ азми ҷаҳонгардӣ.

пешина
аз 343
навбатӣ