Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
канизакони бисёре мансубанд. Дар саргаҳи ин насл Раҳимдод меистад. Раҳимдод ҳафтсола буд, ки ӯро дастаи ғоратгарони Абдурраҳмон- сардор аз Ҳирот ҳамроҳи бист нафари дигар ба асирӣ мегиранд ва ба ӯ номи дигар - Неқадам дода, ба ғуломҷаллоби хевагӣ - Муҳаммад Каримбой мефурӯшад. Каримбой дар сарои пои остонаи Бухоро Неқадамро ба 40 тангаи тилло ба Абдурраҳимбойи шофиркомӣ мефурӯшад. Лаҳзаи ба банди дасти Неқадам пахш кардани тамғаи тафсон ниҳоят муассир ва ҷонгудоз аст: “Набиполвон Неқадамро пуштнокӣ ба замин хобонид, ду кафи дасти ӯро бо поҳояш ба замин пахш кард. Қалмоқоим пойҳои ӯро пахш карда нигоҳ дошт. Пас аз он Набиполвон тамғаи тафсондаро аз думчааш бо анбӯр бардошта ба банди дасти Неқадам пахш кард. Бача бо ҳавли ҷон чирросзанон фарёди ҷонгудозе баровард... Пас аз он нафасаш ба дарун афтод... Пас аз қадре осуда шудагӣ барин шуд... Бача аз ҳуш рафта буд... Набиполвон тамғаи ба дасти бача часпида мондаро чунон ки мӯҳри ба сурғучи гудохта пахш кардашударо бардоранд, бо зӯр канда гирифт. Ҷойи доғшудаи дасти бачаро Қалмоқоим намади сӯхта пахш кард. Бо ҳамин амалиёт Неқадам ҳам ба қатори молҳои ҳеҷ гумнашаванда ва барҳам. нахӯрандаи тамғадори бой даромад».
Неқадами хурдсол аз пагоҳ то бегоҳ хизмат мекард ва азоби ҷонгудози ғуломиро бо сабру тоқат аз сар мегузаронд. Мувофиқи муоҳидаи сулҳе, ки соли 1868 байни аморати Бухоро ва давлати Русия баста шуда буд, бояд ҳамаи ғуломон ва канизакони аморати Бухоро то соли 1880 “озод” мешуданд. Баробари дигар ғуломони Абдурраҳимбой Неқадам низ “озод” мешавад ва баъд Гулсум ном канизакро ба занӣ мегирад. Бобоғулом баъди “озод” шудан ҳам ҳамроҳи Гулсум дар хонаи Абдурраҳимбой кор мекунад. Вақте ки аз заъфи пирӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё