Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
бадхоҳони ҷомеаро фош мекунанд, ба рӯди Хилвон об бароварда, заминҳои гирду атрофи онро шодоб мегардонанд.
Насли сеюмро набераи Бобоғулом ва писари Эргаш – Ҳасан, Муҳаббат ва Фотима намояндагӣ мекунанд. Ин насл дар ҷомеаи шӯравӣ умр ба сар мебарад ва дар қисми охири асар - қисми панҷум фаъолият дорад. Махсусан, ишқу муҳаббати Ҳасану Фотима самикӣ ва воқеӣ мебошад. Фотима, ки ростқавл, меҳнатдӯст ва якрӯю якзабон буд, ба Қутбияи бойдухтар майл кардани Ҳасанро дида, аз ӯ меранҷад. Ҳасан ин хатои худро дарк карда аз Фотима узр мепурсад. Дар асар ин лаҳза басо ҷолиб ба тасвир омадааст. Муҳаббат Ҳасанро барои ин хатоаш қоҳиш карда мегӯяд: - Дар аввал ту дили ӯро шикастӣ. Дили шикаста бо узру маъзаратҳои хушку холӣ дуруст нахоҳад шуд. Дар натиҷаи таҷрибаҳои бисёр аст, ки гуфтаанд:
Дил ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст,
Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст.
Шишаи бишкастаро пайванд кардан метавон,
Мурғи аз каф ҷастаро побанд кардан мушкил аст.
- Ман умедворам, ки, - гуфт Ҳасан, - ин узри ман узри хушку холӣ шуда намемонад.
Дар сухан истифода кардани порчаҳои шеърӣ аз суннатҳои волои халқи тоҷик ба шумор меравад ва аз фазилату маърифати гӯянда дарак медиҳад. Ҳасан ва Фотима фаъолияти зиндагии падарони худро дар шароити дигари иҷтимоӣ бо сарбаландӣ идома медиҳанд.
Дар “Ғуломон” образҳои зиёде амал мекунанд ва як сабаби асари барҷастаи ҳамосӣ ном гирифтани он сершумории образҳо мебошад. Ҳам персонажҳои асосӣ ва ҳам персонажҳои дуюмдараҷа ва ёрирасон дар инкишофи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё