Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
мувофиқат мекард. Бинобар ин мардуми шӯхТАБЪИ Бухоро номи ӯро, ки Қорийсмат буд, ба лақабаш иваз карда буданд:
Ӯ як одами миёнқади фарбеҳи шикамкалони гарданкӯтоҳ буда, ғафсии гардан ва пуррагии сару рӯяш ҳам аз ғафсии шикамаш қариб фарқ надошт, агар риши калони ғулии монанди алафи гандадарав ба ҳам печидаашро, ки тамоми рӯяшро фурӯ гирифта буд, тарошида мепартофтанд, сару тани ин одам дар як ҷо ба шикамбаи холӣ карданашудаи шутур монанд пайдо мекард, ғояташ ин ки ин аз вай калонтар буд, монанди хуссаи шутури ба дарди хориш гирифтор гардидаи мӯяш рехтагӣ сурхҷатоб менамуд”.
Қувваи тасвири ҳаҷвиро ба алафи гандадарав ташбеҳ додани риши ғулӣ ва ба шикамбаи холӣ карданашудаи шутур монанд кардани сару тани Қорийсмат меафзояд. Хонанда аз тасвирҳои минбаъда ба ҳам комилан мувофиқ будани зоҳиру ботин ва сурату сирати образи асосиро бармало эҳсос мекунад. Қорийшкамба дар бозор ба анвои хӯрокворӣ, нӯшокӣ ва ширавиҳои аз пеши роҳаш баромада беихтиёр даст мезанад ва шиками чун хуссаи шутур бузургашро пур мекунад. Ягон сокини бозор гоҳи хӯрокхӯрӣ аз иштиҳои қозгир ва чашми зоғмонанди ӯ эмин намемонад. “Дар вақти гузаштанам аз пеши дӯкони сандӯқфурӯш, — мегӯяд талабаи мадраса, -- дидам, ки соҳиби дӯкон... чӯти ҳисобро монанди деворча рост гузошта ва дар паси вай кадом як чизи хӯрданиро монда мехӯрд. Аммо чашми тезбини зоғмонанди Қорийшкамба он чизи хӯрданиро дида ба он ҷо нишастааст, ки фавран ба як паҳлу ёзида ва дасти худро ба паси чӯт ёзонда, дар хӯрдани он чизи “пинҳон кардашуда” ба соҳиби дӯкон шарик шуд”.
Ҳамин тариқ, дар назди дӯконҳои чинифурӯшӣ ва атторӣ чашмгуруснагӣ, дар назди тоқифурӯш ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё