Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Вафо аз бевафо омӯхтам охир,
Вафоро дар набарди дил сипар кардам.
Чӣ исёне, ки бо худ кардаам бехуд,
Зи сирри хеш оламро хабар кардам.

Маро ту хоки раҳ кардӣ, амон бошӣ,
Туро ман тоҷи сар кардам, зафар кардам! 1979

Ватанам Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст, Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.
Заррае некам агар дарси ту аз бар кардам, Заррае хубам агар ҳусни ту мероси ман аст.
Кӯҳсорони ту аз нуқраву тиллост баланд, Ту баланди зи баландии вафои писарон.
Сари ҳар саҳра яке кулбаи сангист баҷой, Ҳамраҳи меҳри ту олам ҳама гунҷад дар он, Ватанам, эй Ватани майдаи мардони калон! 1979

Захми ниҳон
Бимон гулбарги рӯйи ман хазон гардад,
Ту умре бехазону гулфишон бошӣ.
Бимон ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,
Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ!
Бимон ҳар лаҳза чанги номуродиҳо,
Ба рухсорам хати ожанг бигзорад.
Бимон ишқи ту чун захми ниҳони дил
Маро ҳар лаҳзаву ҳар рӯз озорад.
Тавони сад тавоноро ба ту бахшам,
Биафтам ман, агар ту нотавон бошӣ,
Ба поси ин ҳама умеди қурбонӣ,
Мабодо душманамро ёри ҷон бошӣ,
Мабодо, ки азизи дигарон бошӣ? 1981

пешина
аз 343
навбатӣ