Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ин хона бурҷи дил, ин дил макони туст!
Аз ман хабар бигир!
Аз ман назар нагир, ёри дигар нагир,
Дунё ғанимат аст, аз ман хабар бигир! 1973
Хуршеди ховар
Хушрӯз модарам, дилсӯз модарам,
Ганҷи ягонаам, хуршеди ховарам.
Чун дасти зиндагӣ дасти ту бар сарам,
Бахти баланди ман ҳастӣ ту модарам.
Марде надидаам мисли ту бурдбор.
Фарде надидаам мисли ту хоксор.
Эй духтари замин, эй модари ҷаҳон,
То ҳаст зиндагӣ ҳастӣ ту ҷовидон!
Хушрӯз модарам, дилсӯз модарам.
Ганҷи ягонаам, хуршеди ховарам! 1975
Муҳаббат
Маро мешиносӣ, ҳамонам, ҳамонам,
Ҳамон ошиқам ман, ҳамон беқарорам,
Ду чашми хуморӣ, ду рӯйи анорӣ,
Чу мурғи самандар саросар шарорам.
На занҷири қисмат, на тазвиру ғийбат,
Надорад зи роҳам, зи роҳи муҳаббат.
Муҳаббат, муҳаббат, зи сӯзу азобат,
Зи дарду итобат, дилам шуд китобат.
Муҳаббат, муҳаббат, ба ҷуз ман, ба ҷуз дил,
Гадое надорӣ.
Муҳаббат, муҳаббат, дар олам пас аз худ, Худое надорӣ!
1976
Ғолиби хастаҷон
Ба ёди ту чӣ шабҳое саҳар кардам,
Чӣ ғамҳое, ки бе ту пушти сар кардам.
Туро, эй хокии хокӣ, ба тахти ишқ,
Зи худ бологузар, болоназар кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор