Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Сайф – шамшер.
Сағир – хурд.
Сақокаллаҳ – Худо серобат кунад.
Саҳоб – абр.
Саллаи занбарӣ — шарҳи устод Айнӣ: як навъ саллабандӣ аст, ки ба шакли занбар мешавад. Ин гуна саллабандӣ махсуси олуфтагон ва зӯроварон буд. Инчунин яккакорди калон овехта гаштан ҳам махсуси олуфтагони ҷавон буд. Аммо одамҳои одӣ кӯшкорд (ҷуфткорд) меовехтанд.
Салабон – пироҳанҳо, ҷомаҳо (ҷамъи салаб).
Салсол – гили хушк, гили кӯзагарӣ.
Самак – моҳӣ.
Самин – гаронбаҳо, пуркимат.
Самсом – шамшери бурранда.
Санҷак – парчам, ливо.
Сарои сипанҷ – дунёи даргузар.
Сиёсати даҳриёна – сиёсате, ки бо Худову дин мухолифат дорад.
Саттор – пӯшанда, пардапӯш. Яке аз номҳои Парвардигор.
Сиҷн – зиндон.
Ситсия Бенсиановна Хейфитс, бо тахаллуси Бону (1911 – 2003), шоира ва тарҷумони рус, ки баъди хатми курси шарқшиносии шаҳри Киев ба Осиёи Миёна омада дар соҳаи адабиёт ва фарҳанги тоҷик фаъолият мекунад.
Сензура – системаи назорати давлатӣ ба матбуот ва воситаҳои ахбор.
Собот — айвоне, ки дар вай ҳайвонот мебанданд.
Сонет (калимаи италиявӣ) шеърест, ки аз 14 мисраъ иборат буда, кофияаш абба, абба, ввг, дгд мебошад.
Соранг – созест чун ғиҷчак, ки бо камон навохта мешавад.
Суд – фоида, манфиат; судхӯрӣ – манфиатпарастӣ.
Сулсул – фохта, як навъ парандаи хушхон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор