Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Сулуқ – оҳани занҷирдори лаҷоми асп, ки вақти лаҷом задан дар даҳони асп меистад.

Суҳо – ситораест дар Дубби Асгар.

Суъбон – мори бузург, аждаҳо.

Тааб – афсурдагӣ; хастагӣ

Таафдон – чуқурӣ (ҷоҳ) барои рехтани хокрӯба ва ахлот.

Табархун – унноб, челон.

Табаррук – баракат дошта, муборак.

Тавфир – рушду тараққӣ, бисёр шудан.

Тагалак – думчаи хӯшаи ҷувории сафед.

Тазиин – зинат додан, оро додан.

Таноб – андозаи масоҳат, як таноб баробари чоряк гектар аст.

Танноз – нозкунанда, дилрабо.

Тарф – Устод Айнӣ чунин шарҳ додааст: зарфест монанди офтобаи ҷӯянии бенӯлу даста, ки аз ҷӯян мерезанд, ду даҳон дорад, дар даҳони зеринаш аз дарун як лӯнда кулӯҳро банд мекунанд. Пас аз ондоруи милтикро бо чанд гуна резаҳои маъданӣ дар даруни он ҷой мекунанд. Дар шабҳои сайру тамошои вақтҳои пеш ҷавонон бо якдигар тараф шуда, аз ду сӯй тарфҳоро бардошта оташ медоданд. Тарфи ҳар кас, ки хушоташтар, гулрезтар ва бадавомтар буда, шӯълааш росттар барояд, он бурдагӣ ва ғолиб ба шумор мерафт.

Тарака – тақсим намудани моли мерос.

Талаттуф – меҳрубонӣ.

Тамға – мӯҳре, ки барои нишона дар бадани ҳайвонот мезананд.

Тахтаварғ – асбоби чӯбин ё сангин, ки бо он роҳи обро мебанданд.

Таҳтиҳанак – дунболаи шоли аммома, ки онро аз зери манаҳ бигзаронанд ва болои сар бубанданд, ё озод раҳо кунанд.

Таҳтонӣ – пӯшида, зери, дуюмӣ.

пешина
аз 343
навбатӣ