Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Телба – саросема шудан, шитоб кардан.
Тортук кардан – пешкаш кардан, пора додан.
Тоҷи Маҳал – Тоҷмаҳал, ёдгории машҳури асри 17 дар шаҳри Аграи Ҳиндустон.
Тӯбо (тӯбӣ) – номи дарахтест дар биҳишт.
Теҳу, тиҳу – номи паранда
Тӯс – паҳлавони «Шоҳнома»
Узор – рухсора, ораз, рӯй
Уқор – шароб, май.
Улуғзода (Благовещенская) Клавдия Александровна (1909-1965) мутарчим ва фолклоршинос.
Унф – қаҳру ғазаб.
Улвӣ – баланд; осмонӣ, кайҳонӣ
Уруҷ – авҷгирӣ; болоравӣ
Устод Лоҳутӣ, чи хеле ки худ дар шеъри "Ҷавоб ба игвогарон" (1954) таъкид намудааст, падари чор фарзанд – ду писару ду духтар мебошад:
Зи чор авлоди дилбанду азизам Ва ё аз модари онҳо гурезам?
Фиқҳ – илм оид ба қонунҳои шариати ислом.
Фитрок – тасма ё чармест дар ақиби зини асп барои бастани бори аспсавор.
Фуруд – паҳлавони «Шоҳнома»
Хад – рухсор, гуна, чеҳра.
Хазаф – сафол, кӯзаи гилӣ.
Хазиб – ҳизобкарда, ҳинокарда, рангинкарда.
Халил – лақаби ҳазрати Иброҳим (а).
Харқ – пора кардан, даронидан.
Харос – осиёи аспӣ аст, ки дар вай чанд сарасп баста мегардонданд
Хатиб - касест, ки дар масҷидҳо хутба (вазъ, насиҳат) мехонад
Хатти ибро – ҳуҷҷате, ки дар сурати байни худ созиш кардани даъвогар ва ҷавобгар аз номи онҳо тартиб дода мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор