Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ин хона зи хишти кӯҳна андохтаам,
Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.
То аҳли замони мо бидонанд, ки ман,
Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.
Ин ду рубоӣ дар як вақт (1946) эҷод шуда, аз таъсири самарабахши “Бадоеъ-ул-вакоеъ” ба “Ёддоштҳо” гувоҳӣ медиҳанд. Устод Айнӣ дар тасвири воқеии ҳаёти табақаҳои гуногуни шаҳрҳои асримиёнагӣ ва дӯкону масҷиду мадрасаҳо услуби нигариши “Бадоеъ-ул-вакоеъ”-и Восифиро ба эътибор гирифтааст. С.Айнӣ ба “Наводир-ул-вакоеъ”-и Аҳмади Дониш боз ҳам пештар, ҳангоми мадрасахонӣ, шинос шуда буд. Солҳои 1900-1901 бо супориши Садри Зиё толибилмон Мунзим, Ҳайрат ва Айнӣ китоби “Наводир-ул-вакоеъ”-ро нусхабардорӣ намуданд. Айнӣ аз мутолиаи “Наводир-ул-вакоеъ” таассуроти амиқ гирифт: “Шиносоии ман ба “Наводир-ул-вакоеъ”, - қайд кардааст С.Айнӣ, - дар ман на танҳо инқилоби фикриро бедор кард, балки ба сарам савдои насрнависшавиро ҳам андохт. Дар ҳамон вақтҳо ман орзу мекардам, ки бояд кас насрнавис шавад ва агар ин мақсад ба даст дарояд, монандӣ Аҳмадмахдум насрнавис шавад, ки воқеаҳоро дар пеши хонанда бо забони сода таҷАССУМ кунонда нишон дода тавонад”.
Дар ҳақиқат, дар “Наводир-ул-вакоеъ” тасвири ҳаёти давраи Дониш, воқеа ва шахсоне, ки бевосита аз худи зиндагии рӯзмарра гирифта шудаанд, мавқеи асосӣ дорад. Аҳмади Дониш барои ба вуҷуд овардани образи ҳамзамонони оддии худ чун Шукурбеки “дузд” ва Мулло Холмуҳаммади шикорчӣ кӯшиш намудааст. Ҳамин тасвирҳои ҳақиқатнигорона ва ба ҳаёти мардум наздики “Наводир-ул-вакоеъ” бештар ба Айнии ҷавон таъсир расонд ва ин таъсир то охири умр, дар вақти навиштани “Ёддоштҳо” низ давом намуд. Тасвири баъзе лаҳзаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё