Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
надорам, — ин овози духтар буд, ки бо оҳанги аз аввал ҳам ҷиддитар мебаромад.
Қозӣ хутбаи никоҳ сар кард.
Чунин рафтори боҷуръатона ва бебоконаи Ҳабиба дар Бухорои охири асри XIX ва ибтидои асри XX як қаҳрамонӣ буд.
Қисми якуми «Ёддоштҳо» ба тасвири вабои умумие, ки охири солҳои 80-уми асри XIX дар қаламрави Бухоро боиси аз байн бурдани одамони зиёде, аз ҷумла падару модари Садриддин гардида буд, ба охир мерасад. Баъди вафоти падару модар тамоми бори зиндагӣ ба дӯши Садриддин меафтад. Ӯ боз як соли дигар додаронаш Сироҷиддин ва Киромиддинро нигоҳубин мекунад. Садриддин дар назди Муҳиддин, ки ҳангоми таътил ба деҳа омада буд, масъалаи дар Бухоро таҳсил карданро ба таври қатъӣ мегузорад. Онҳо ҳавлии дар Маҳаллаи Боло доштаашонро мефурӯшанд ва бо пули он оши соли падару модарро дода, додаронро хатна мекунанд ва баъд бародарони хурдсолашонро ба парастории тағояшон Қурбонниёз вогузор намуда, ба сафари Бухоро омода мешаванд
Қисми дувуми «Ёддоштҳо» «Дар шаҳр» ном дошта аз 32 боб иборат аст. Дар бобҳои аввал дар бораи мадрасаҳои Бухоро маълумот дода шудааст. Ба гуфти С. Айнӣ, «мадрасаҳои Бухоро ба мадрасаи динӣ будан ва муллоҳои Бухоро ба олими мутахассиси улуми динӣ будан шӯҳрат доштанд ва ба ин сабаб Бухоро на танҳо ба Осиёи Миёна, балки ба мусулмонони дохили Россия ҳам — ба тоторҳо ва бошқирдон ҳам, нуфузи динӣ дошт».
Образи Садриддин. Дар қисми II «Ёддоштҳо», пеш аз ҳама, симои Садриддин ба назар мерасад ва тамоми воқеаҳо вобаста ба ҳолатҳои рӯҳию вазъи зиндагии ӯ таҳлил меёбанд. Садриддин чун ҷавони ҷиддӣ, кордон ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё