Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ҷонибек Акобир, Раҳмат Назрӣ бо диди нав ба адабиёт ворид гардида, ба тасвири олами рӯҳӣ ва тақдиру мавқеи инсон дар ҷомеа пардохтанд.
Дар адабиёти шӯравии тоҷик адабиёти бачагона чун соҳаи мустақили адабиёти бадеӣ ривоҷ ёфт ва наслҳои гуногуни адибон ба эҷоди асарҳои бачагона низ шуғл варзиданд. Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Убайд Раҷаб, Наримон Бақозода чун адибони бачагон шинохта шудаанд. Дар насри тоҷики баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ жанри фантастикаи илмӣ мавқеъ пайдо кард. Қиссаву ҳикояҳои “Амри ишқ” (Миршакар), “Занбури айнакдор”, “Аҷоиботи Нодар”, “Бозгашт” (Абдумалик Баҳорӣ), “Дарахти пахтачормағз”, “Баъди ҳазор сол”, “Санги сарнавишт” (Адаш Истад) намунаи чунин асарҳо мебошанд. Торафт қувват гирифтани робитаҳои адабӣ байни ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ ва ба воситаи онҳо адабиёти ҷаҳонӣ низ ба адабиёти шӯравии тоҷик таъсири файзбор расонд.
Дар ҳамин ҷо лоиқ ба таъкид аст, ки дар ин пешравӣ хизматҳои устод Айнӣ беназиранд. Садриддин Сайидмуродҷоҷаи Айнӣ шахсияти барҷастаи фарҳангиест, ки халқи тоҷик дар садаи XX ба тамаддуни умумибашарӣ пешниҳод намудааст. Устод Айнӣ дар қатори Робиндронат Такур (Ҳиндустон), Лу Син (Чин), Таҳа Ҳусейн (Миср) чун яке аз чор тан бузургони адабиёти давраи нави Машриқзамин эътироф шудааст. Устод Айнӣ дар ҳассостарин давраи таърихии халқи тоҷик умр ба сар бурда, ба халқу ватани хеш хизмати бедарег намуд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмию адабӣ боқӣ гузошт. Адиб дар даврони шӯравӣ чун Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва доктори илмҳои филология шинохта шуд ва дар замони истиқлолияти Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардид. Фаъолияти эҷодии ин чеҳраи дурахшони фарҳангӣ ба ду марҳалаи инкишофи адабиёти тоҷик иртибот дорад. Роҳи адабию

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё