Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муҳаммадалӣ (1907-1909), ки баъди фавти падараш – Музаффаруддиншоҳ (1886-1907) ба тахт нишаста буд, машрута (конститутсия)-и эълоншуда бекор карда шуд ва ин воқеа ҷаҳонбинии шоирро тағйир дод. Вақте ки солҳои 1907-1911 дар Эрон инқилоб ва ҳаракати демократии халқ аз нав авҷ гирифт, Лоҳутӣ дар маркази ин ошӯбҳо буд. Аз ҷумла, дар шӯриши мусаллаҳонаи мардуми Гелони вилояти Рашт фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани ордени Сатторхон мушарраф гардид. Ва дар ғазали сиёсии «Ё ҳар ду» (1909) амалиёти зиддихалқию ватанфурӯшии вакилони маҷлисро фош намуд:

Вакилону вазиронанд хоин, фош мегӯям,
Агар дар зери теғам ё ба рӯйи дор, ё ҳар ду.

Ин ғазал дар рӯзномаи «Чантаи побараҳна», ки дар Теҳрон чоп мешуд, ба табъ расид ва муаллифи он барои ин шеър ҳабс шуд, вале дере нагузашта бо талаби халқи башоромада озод гардид. Охирҳои соли 1911 инқилоби Эрон шикаст хӯрд. Шеърҳои “Қурбони рӯшноию нуру сафои Шарқ”, “Шамъу парвона” дар мусофират эҷод шудаанд. Абулқосими Лоҳутӣ охирҳои соли 1914 боз ба Эрон, ки дар ин ҷо ҳаракатҳои инқилобӣ аз нав қувват мегирифт, баргашт ва нашри рӯзномаи “Бесутун”-ро оғоз карда, дар ҷунбишҳои озодихоҳӣ фаъолона ширкат намуд. Ин ҳолат дар шеъри “Бозгашт ба ватан” (1915) ифода ёфтааст.

Дар ғами ошёна пир шудаам,
Боқӣ аз ҳастиям ҳамин номест.

Лоҳутӣ дар солҳои 1914 – 1917 гоҳ дар Кирмоншоҳ, гоҳ дар Теҳрон, гоҳ дар Хонақайн, гоҳ дар Коҳи Ширин

пешина
аз 343
навбатӣ