Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
мебошанд. Дар ҳақиқат, муросо кардани чӯпон ба гург боиси қатли рама мегардад ва мурғи дар қафас буда ниёзманди боғбон аст. Вале маҳз ифодаи маҷозии калимаю таркибҳо бадеият ва образнокии ғазалро таъмин намуда, боиси баёни ҷозибаноку нишонраси ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии шоир гардидаанд. Ҳамин тариқ, дар Истамбул ашъори сиёсии Лоҳутӣ мавқеъ пайдо намуд. Шоир дар ғазалҳои истамбулиаш аз ҳама латофату назокати сухани бадеӣ истифода намуда, дар адабиёти халқҳои форсизабон ғазали сиёсиро инкишоф дод.
Ашъори Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ. Барои Лоҳутӣ ворид шудан ба тарзи ҳаёти ҷомеаи Шӯравӣ осон буд, зеро шоир ҳанӯз солҳои 1914-1917 дар Эрон ба тавассути аскарони рус ба ғояҳои инқилоби Октябр шинос гардида, қаламаш ҳанӯз аз давраи машрутияи Эрон дар ифодаи мазмунҳои инқилобӣ суфта гардида буд. Зиёда аз ин, Лоҳутӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқӯъ пайвастани ормонҳои инқилобии худро эҳсос намуд. Дар ин мамлакат фароҳам омадани имкониятҳои чоп низ боиси фараҳмандӣ ва самаранокии фаъолияти эҷодии Лоҳутӣ гардид. Соли 1923 дар Маскав, дар Нашриёти марказии халқҳои Шарқ бо дасти худ ҳируфчинӣ кардани аввалин китобаш барои шоир басо шодиовар буд. Чунин муҳити созгори корӣ боис шуд, ки эҷодиёти Лоҳутӣ ба марҳалаи нави инкишоф қарор гирифта, аз ҷиҳати ҳаҷм, жанр, мавзӯъ ва услуби баён боз ҳам фарогиру ғанитар гардад. Дар солҳои 20-уми асри ХХ шеърҳои зиёди устод Лоҳутӣ, аз қабили "Дар Калкатта", "Чамани сӯхта", "Дар фабрики сармоядорон","Ваҳдат ва ташкилот","Ман фарзанди як деҳқоне будам", "Эй духтари номдори Эрон", "Писари ҳафтуми сотсиализм" эҷод гардида, дар Маскаву Душанбе "Рубоиёт" (1924) ва "Адабиёти сурх" (1925) барин маҷмӯаҳои ӯ ба табъ расиданд. Машҳуртарин асари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё