Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

панду ҳикматҳои тоҷикӣ истифода шуда бошад, дар тарҷумаҳои “Ромео ва Ҷулетта” ва “Шоҳ Лир” шакли аслии намоишномаҳо – шеъри сафед нигоҳ дошта шудааст.

Намоишномаи “Отелло” фоҷиаи барҷастаи ҷаҳонӣ мебошад ва аз панҷ пардаву даҳ намоиш иборат аст. Воқеаҳои пардаи аввал дар шаҳри Венетсия ва пардаҳои минбаъда дар ҷазираи Кипр мегузаранд. Дар намоишнома дожи Венетсия, сенатор Брабансио, генерал Отелло, муовини ӯ лейтенант Кассио, байрақбардор Яго, ашрофзода Родриго, духтари Брабансио – Дездемона, зани Яго – Эмилия ва дигарон ширкат доранд. Сужети намоишнома дар асоси рашку ҳасад фароҳам омадааст. Генерал Отелло шахси далеру шуҷоъ, таҷрибадида ва якрӯю якзабон мебошад ва назди хосу ом обрӯю эътибор дорад. Отелло аз миллати араб ва сиёҳпӯст аст, вале хушрӯтарин ва покдомантарин духтари венециягӣ, ки падараш сенатор буд, ба ӯ дил медиҳад. Дездемона бе иҷозати падар ба Отелло ба шавҳар мебарояд. Отелло ҳам Дездемонаро баробари ҷон дӯст медорад. Байрақбардор Яго ба комёбӣ ва обрӯю эътибори генерал Отелло ҳасад мебарад ва дар фикри рӯҳану ҷисман нест кардани сардораш меафтад. Яго нақшаҳои махсуси худро бо роҳи дахл кардан ба муносибатҳои оилавии Отелло ба амал баровардан мехоҳад. Зеро хуб медонад, ки генерали араб ба «хиёнати» маҳбубааш тоб оварда наметавонад. Пардаи аввал бо андешаҳои Яго дар бораи ба амал баровардани нақшаҳои хоинонааш ба анҷом мерасад. Хонанда аз монологи Яго ботини нопок ва хислатҳои манфури ӯро равшану возеҳ мушоҳида мекунад: «Отелло ба ман боварӣ дорад. Беҳтар! Бо ҳамин ман нақшаи худамро осонтар иҷро мекунам. Кассио мардаки хушрӯст... Каме баъд ба гӯши Отелло пичир-пичир сар кунем, ки гӯё Кассио бо зани вай аз андоза берун хонагӣ шудааст... Отелдоро аз

пешина
аз 343
навбатӣ