Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

нағз медид. Фикри он ки дар Техас дигар ҳеҷ кас ба шуҷоа-ту диловарии ӯ бовар намекунад, боиси азоби бепоёни вай ме-гардид.

Дар назди ҳамаи хонумҳо ва, хусусан, дар назди ҳамон бо-иуе, ки парастишаш мекард, ҳамчун мағлуб ҳозир шудан ва ба ақл дарёфтан, ки сабаби шикастхӯрии вай моҷароҷӯи номаъ-луме мебошад, ки ӯро рақиби худ дар арсаи ишқу муҳаббат мешумурд, — ин берун аз иқтидори вай буд. Ҳатто ба одами му-. каррарӣ зери чӯпин шиканҷаи рӯҳӣ будан азиятовар мебуд,— Колхаун ҷои нишастан намеёфт.

Чӣ тавре, ки одами оддӣ мекунад, ӯ ҳаргиз ба ин мадоро кардан намехост. — Ӯ қарор дод қасос гирад. Аз ин рӯ ҳамин ки тарси мурдан барҳам хӯрд, ӯ дар фикри гирифтани қасос афтод.

Морис-мустангер бояд мурад! Ва агар аз дасти ӯ набошад, дар он сурат аз дасти ягон каси дигар. Ёфтани шарик чандон кори душвор намебошад. Дар шаҳрҳои Италия котилони ки-роя чӣ қадар бисёр бошанд, дар даштҳои паҳновари Техас он-ҳо камтар нестанд. Ҳайҳот, дар тамоми рӯи кураи замин гӯ-шае нест, ки дар он ҷо зар ханҷари котилро идора накунад! Колхаун бошад, барои бо ришва харидани ягон нобакор аз бу-даш ҳам зиёдтар дошт.

Колхаун дар ҳуҷраи худ дар танҳоӣ аз захмҳои тир шифо ёфта, нақшаи куштани мустангерро фикр мекард.

Ӯ ин корро худаш кардани набуд, зеро метарсид, ки аз нав бо чунин рақиби ҳайбатнок — ҳатто дар сурате, ки агар илоҷи ғафлатан ҳамла кардан шавад ҳам, дучор ояд. Мағлубият ӯро тарсончак гардонида буд ва ӯ мехост иҷрокунанда — дастеро ёбад, ки ба ҷои вай зарба занад. Ӯро аз куҷо пайдо кунад?

Бадбахтона ӯ медонист ё, шояд, фақат ба назараш мена-муд, ки вай одами мувофиқро медонад. Он шахс мексикой бу-да, дар айни замон дар посёлка иқомат дошт, — Морис барӣ мустангер, вале аз ҷумлаи касоне буд, ки ирландии ҷавон худ-ро аз ӯ чет мекашид.

Чун қоида, одамиони ин касбу кори ба худ махсус дар Техас ба бадӣ ном бароварда буданд. Ба касби мустангерӣ одати мексиконҳо ё дурагаҳо машғул буданд; аммо аҳён-аҳён ба ин кор француз ё американӣ шуғл меварзид. Одатан онҳо партовҳои ҷамъияти мутамаддин, аксаран ҷинояткорон буданд, ки бо ҳаяҷону изтироби шикори пурхатар, шояд, коҳишу маломати виҷдонро таскин медоданд.

Вақте, ки мустангерҳо дар посёлкаҳо пайдо мешуданд, опхо

пешина
аз 509
навбатӣ