Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
вақт рафта ӯро хабар мегирифтааст. Сеньорита ҳузуру сӯҳбати мустангери ирландиро аз ҳузуру сӯҳбати ҳамватанаш нағзтар медидааст. Мексикои духтарро ном набурд, Колхаун ҳам ба дониста гирифтани он исрор накард, вале ба ҳикоят гӯш дода, худ ба худ фикр кард, ки духтари мексикоиро рад кардагӣ, дили рақиби ӯро мерабояд.
Ҳоло ки капитан сиҳат меёфт, якчанд маротиба бо шахсе, ки ӯро аслиҳаи интиқоми худ кардан мехост, вохӯрд ва онҳо имконияти пурра доштанд, ки маслиҳат карда ба як қарор биёянд.
Онҳо маслиҳат карда ба як қарор омаданд ё не ва қасду нияти иблисонаи онҳо чи гуна буд, танҳо ба як худашон маълум мондан гирифт. Атрофиён фақат ҳаминро пайхас карданд, ки қассӣ Колхаун ва Мигуэль Диас, мулақаб ба Эл-Койот 1, мудом ҳамроҳ мебошанд ва ҳама аз ин дӯстии аҷиб таъҷҷуб мекарданд.
Боби XXIV
ДАР АСОТЕЯ
Дар плантацияҳои (киштзорҳои) Техас бекорхӯҷаҳо нестанд. Кор баробари тулӯи офтоб сар мешавад. Нокус, занг ё нан чӯпони гуломони сиёҳпӯстро ба кор даъват намуда, гуломдоронро низ аз бистари бароҳати онҳо бармехезонад.
Дар замони соҳибони пештара дар Каса-дель-Корво аҳвол ҳамин тавр буд. Онлан плантатори америкой ин урфу одатро тағйир надод — рости гап, на аз рӯи он, ки ба давом додани анъана майлу хоҳиш дошт, балки аз рӯи тақозои худи табиат ҳаминро мекард. Субҳи муаттари Техаси офтобрӯяро, ки қариб ҳамеша баҳор ҳукм меронад, дар бистар гузаронидан ҳайф аст. Нисфирӯзӣ, вақте ки ҳама чиз дар табиат дар зери шуоъҳои сӯзони офтоб пажмурда мешавад, истироҳат мекунанд.
Субҳидам ҳама бо шодию хурсандии нав ҷурми тулӯъкунандаро пешвоз мегиранд. Паррандагони тропикӣ болҳои дурахшони худро тахт мекунанд, баргҳо и аз шабнам тари гулҳо, гӯё
1 Эл-Койот (испанӣ) — гурги даштӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо