Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Шояд, ба вай ёри лозим бошад, дилсӯзӣ... Кошки ақаллан руқъае ба ӯ фиристода метавонистам, ки касе намефаҳмид! Зеб Стумп куҷо гум шуда рафт?

Сабаб чӣ бошад, ба назари духтар чунин менамуд, ки ҳамин замон Зеб пайдо мешавад ва ӯ ба ҳамворне, ки дар он тарафи дарё воқеъ гардида, қад-қади соҳил роҳ мегузашт, истода менигарист. Ин роҳи саворарави байни қалъаи Инҷ ва плантасияҳои Леонаи поёнӣ буд; ин роҳ дуртар аз дарё дар як масофаи муайян даштро бурида мегузашт ва фақат дар як ҷой — ҳамон ҷой ки маҷро якбора тоб хӯрда, ба соҳили рост фуромада рафта мезад, наздик мешуд. Роҳ ба сӯи қалъа ба масофаи ним миль намоён буд ва онро пайраҳае бурида, аз ҷони пастоби дарё гузашта ба асиенда мебурд. Қад-қади поёнии дарё, тахмин дар ҳамин гуна масофа, саванна ба паттазор иваз мешуд, ки он тараф дигар ҳеҷ чиз наменамуд.

Креолдухтари ҷавон ба сӯи қалъаи Инҷ, ки аз он тараф омадани Зеб Стумп мумкин буд, менигарист, вале на вай менамуд, на ягон каси дигар.

Ин бояд ӯро хафа мекард. Охир Зеб ваъдаан омадан надода буд. Ӯ ба он сӯ ҳамту беихтиёрона менигарист.

Вале аз завқи табиӣ дида зӯртар чизе ӯро маҷбур сохт, ки пас аз андак вақт баргардаду ба тарафи муқобил чашм дӯзад.

Агар умед карда бошад, ки дар он ҷо ягон касро бубинад, дар он сурат ин дафъа интизорӣ ӯро фиреб надод. Аз паси паттазор саворае намоён шуд. Дар аввал ба назари креолдухтар намуд, ки сару либоси он мард ба сару либоси арабҳо монанд аст. Аммо пас аз дурустакак синча намудан дид, ки вай зан аст ва мард барин бар асп нишастааст. Рӯи вай қариб тамоман бо гарданбанди ҳарир пӯшида шуда буд. Вале ба ҳар ҳол Луиза шакли зебои дарозхели чеҳраи гандумгун, сурхии раҳшони гунаҳояш, чашмони мисли ситорагон дурахвонашро дид.

На тарзи аҷиби аспсаворӣ, на гарданбанд, ки аз китфи духтари савора овезон буд, ба Луиза халал намерасонд, бубинад, ки рехти ҷуссаву қоматаш зебо мебошад.

Аз паси зани ношинос, тахмин понздаҳ ярд дуртар шахсе савори ҳачир меомад; аз рӯи он ки вай дар масофаи анча калон аз ӯ қафо меомад, инчунин аз сару либоси марди ҳачирсавор пай бурдан мумкин буд, ки ӯ хизматгори зан аст.

— Ин зан кист? — пичиррос зад Луиза Пойиндекстер ва барои он ки ин зани аспсавори ҳайратангезро дурусттар бубинад, лорнет (айнаки дастадор) -ро зуд ба чашм наздик бурд.

— Ӯ кӣ бошад? — бо оҳанги басе оромона саволашро такрор

пешина
аз 509
навбатӣ