Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
— Аз ҳиндуҳо тарсиданам ҳоҷат нест, — ман ҳеҷ гоҳ ба масофаи панҷ миль аз хона дур намеравам.
— Панҷ миль! — истеҳзоомез хитоб намуд капитани мустазъӣ. — Ин чию панҷоҳ миль рафтан чӣ, духтари таго Лу. Чӣ тавре ки дар масофаи сад миль бошад, дар масофаи сад қадам дур аз дарвозаи хона ҳам ҳиндуҳоро дучор омаданат мумкин. Вақте ки онҳо дар пайраҳои ҷанганд, дар ҳар ҷо ва дар ҳар маврид бо онҳо рӯ ба рӯ омадан мумкин! Ба фикрам, гапи Вудли-таго ҳақ: танҳо ба гардиш рафтанат, ин ғояти беақлист.
— Оҳ, ту ҳам ин тавр фикр мекунӣ? — бо нафрат ба аммабачааш нигариста, ҷавоби тунд дод креолдухтар. — Оё ба ман намегӯед, сэр, агар дар ҳақиқат қоманчиҳоро дучор омада монам, бо чӣ ба ман ёрдам карда метавонед? Агарчӣ боварӣ дорам, ки ин воқеа нахоҳад рӯй дод. Мо ҳарду дар миёни отряди ҳарбии ваҳшиёни рангу равған молида, аҷаб ғалатӣ менамоем! Ҳа-ҳа! Ман не, пӯсти ту зери хатар мемонад. Ман-ку гурехта халос мешавам, вале ту ҳамроҳи онҳо мемонӣ. Ана дар ҳақиқат — ин хатар дар масофаи панҷ миль дур аз хона! Дар Техас савораеро пайдо кун ки, — ваҳшиҳоро ҳам истисно намекунем, — маро савори Камари меҳрубонам дарёфт карда тавонад. Гумон аст, ки ин ба ту муяссар гардад, Қаш!
— Дам шав, духтарам! — ба таври ҷиддӣ гуфт Пойндекстер. — Ман ин хел сафсатаи бекораро шунидан намехоҳам... Ба гапи вай аҳамият надеҳ, Кассий. Ва, ба ғайр аз ҳиндуҳо дар ин ҷо ҳар гуна авбошон бисёр — чӣ қадар ки аз ҳиндуҳо эҳтиёт шудан лозим бошад, аз онҳо низ ҳамон тавр эҳтиёт шудан лозим. Дар хотир дошта бош: ман ба ту дур рафтанро манъ мекунам.
— Бигузор гуфти ту шавад, пада, — итоаткорона ҷавоб дод Луиза аз сари стол хеста. — Албатта, ман ба гапи ту гӯш мекунам, вале дониста мон, ки агар хонашин шуда монам, касал шуданам мумкин... Рав, Плутон, — ба зангӣ, ки ҳанӯз дар таги дар истода табассум мекард, рӯ овард ӯ. — Камарро ба кораль, ба чарогоҳ — ба ҳар куҷо ки хоҳӣ, бубар. Агар ин ба вай мақул бошад, бигузор дар дашти азизаш давутоз карда гардад. Вай дигар ба ман лозим нест.
Духтар ин суханонро гуфта, мағрурона аз хона баромад ва мардонро, ки ҳанӯз дар паси стол менишастанд, ба ҳоли худ гузошт, ки доир ба суханони ӯ фикр кунанд.
Вале ин охирин суханони ӯ набуданд. Вақте ки аз роҳрав ба сӯи ҳуҷраи худ мешитофт, пичирросзанон ба худ якчанд сасол

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо