Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
дед, ки ин корро бо осонӣ мекардед, ба шарте агар бо ҳиндуҳо ягон ҷанҷол хезад.
— Албатта, ман ин гапро гуфта будам ва агар ин ҳамин тавр мебуд, дар он сурат...
— Пас, шумо ҳанӯз аз навигариҳо хабар надоред?
— Кадом навигариҳо?
— Охир команчиҳо дар пайраҳои ҷанг мебошанд!
— Арвоҳ занад! — хитоб намуд Эль-Қоют ва аз рӯи бистари камишии худ мисли гурге, ки бӯи тӯъма ба машомаш расидааст, бо тезӣ ҷаста хест. — Модархудои куддуса! Наход ин рост бошад, сеньор?
— Рост набуда чӣ мебуд. Ин хабарро дар қалъа навакак гирифтанд. Ман аз худи комендант маълумот гирифтам.
— Дар он сурат... — ба фикр фурӯ рафта ҷавоб дод марди мексикой, — дар он сурат дон Морисио мурданаш мумкин. Команчиҳо ӯро кушта метавонанд. Ҳа-ҳа-ҳа!
— Ба ин боварӣ доред?
— Агар ба ивази пӯсти сараш панҷсад не, балки ҳазор доллар мелоданд, ман бештар боварӣ мекардам.
— Вай ба ин пул меарзад.
— Кадом пул?
— Ҳазор доллар.
— Шумо ваъда медиҳед?
— Ҳа.
— Дар он сурат команчиҳо пӯсти сари ӯро мекананд, сеньор капитан! Метавонед ба Каса-дель Корво баргашта хотирҷамъ хоб кунед. Дилатон пур бошад, ки баробари рост омадани мавриди муносиб, душманотон бе пӯсту мӯи сар мемонад. Шумо гапи маро мефаҳмед?
— Ҳа.
— Акнун ҳазор долларро тайёр кунед.
— Онҳо мунтазири шумоянд.
— Карамба! Ман зуд ин пулро ҳалол карда мегирам! То дидан, саломат бошед... Модархудои куддуса! — ҳамин ки меҳмони ӯ баромада рафт, хитоб намуд роҳзан. — Қорам омад кард! Барои куштани одаме, ки ман ӯро бепул куштанӣ будам, ҳазор доллар гирифтан ҳазл гап не! Команчиҳо дар пайраҳои ҷанг мебошанд! Карамба! Наход ин рост бошад? Агар ҳамин тавр бошад, дар он сурат барои ин маскарад сару либоси худро тайёр карда мондан гиред. Се соли дарози сулҳи муваққатӣ бо ҳиндуҳо он бекор хобидааст. Зинда бод ҳиндуҳо дар пайраҳои ҷанг! Ва бигузор маскаради ман бомуваффақият анҷом ёбад!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо