Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

хушҳол мегардид. Охир аз рӯи ҳамин аломатҳо қазоват мекарданд, ки вай — ҳоҷаи онҳо давлатканд аст. Ӯ баъзан онҳоро бо қамчин таълим дода, бовар кунонида мегуфт, ки ин ба онҳо таъсири мусоид мерасонад, — вале дар пӯсти бадани ғуломони вай аз шиканҷаи бераҳмона ягон доғи захм дида намешуд ва на ҳамеша ҳар як ғуломдори штати Миссисипи бо ин фахр карда метавонист.

Чӣ ҷои тааҷҷуб дошт, ки дар сӯҳбати ин гуна ҳоҷаи «намуна» димоғи ҳама чоқ буд ва ҳатто ғуломон, ки хурсандии умум ба онҳо сироят карда буд, шодона ба чақ-чақ сар карданд!

Аммо ин хушҳолӣ бисёр давом накард. Он на ногаҳон қатъ гардид ва на бо гуноҳи ононе, ки шарики ин хушҳолӣ буданд: сабабаш вазъияте буд, ки аз онҳо вобастагӣ надошт.

Чӣ тавре ки марди ношинос гуфта буд, дарахти сарв намоён нашудан пеш абр рӯи офтобро пӯшид.

Вале ин набояд боиси ташвишу парешонҳолӣ мегардид: изи лассо пештара барин нағз намоён буд ва барои муайян кардани роҳ ба офтоб зарурат набуд. Аммо абрҳо, ки рӯи осмонро гирифта буданд, ба мусофирон ситамкорона таъсир мебахшиданд.

— Фикр кардан мумкин, ки аллакай шом шудааст, — соати тиллоро аз киса бароварда гуфт плантатор, — ҳол он ки соат нав се шудааст. Толеи мо ки ин ҷавони барно ба мо ёрдам кард. Агар ӯ намебуд, мо то ғуруб дар ин дашти сӯхта сарсону саргардон мегаштем. Мумкин буд, ки дар рӯи ҳамин хокистар шабро рӯз мекардем...

— Хайр, бистарамон сиёҳ мебуд-да! — барои он ки ба сӯҳбат тобиши хандаовар диҳад, шӯхиомез ҷавоб дод Генри. — Агар аз ноиложӣ маҷбур шуда мехобидем, қатор-қатор хобҳои ваҳшатнок медидем!

— Ман ҳам, — аз паси парда сар бароварда илова намуд хохараш ва ба дур чашм дӯхт. — Боварӣ дорам, ки дар хобам Плутон¹ ва Прозерпина² дар ҷаҳаннам медидам.

— Ҳи-ҳи-ҳи! — даҳон инҷ кард аробкаши сиёҳпӯст, ки дар дафтарҳои плантатсия ҳамчун Плутон Пойндекстер сабт шуда буд. — Мисса Луи маро дар ҳамин дашти сип-сиёҳ дар хоб мебинад! Ҳай ғалати мебуд! Ҳи-ҳи-ҳи!

¹ Плутон — дар асотири юнонии қадим худои дӯзах.
² Прозерпина — олиҳаи дӯзах.

пешина
аз 509
навбатӣ