Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ҳиндуҳо ба пайраҳаи ҷанг баромадаанд, онҳо пӯсти сарро аз устухон ҷудо карда мегиранд, аллакай хеле наздик омадаанд.— Аввалан Генри Пойиндекстер қурбони онҳо гашт.

Генри Пойиндекстер — ҷавони асил ва баландҳиммат, ки дар сар то сари Техас ягон душман надошт. Ба ғайр аз ҳиндуҳо хуни ин ҷавони бегуноҳро кӣ рехтанаш мумкин? Ин гуна бераҳмӣ фақат аз дасти команчиҳо меояд.

Аз савороне, ки дар майдони қалъаи Инҷ ҷамъ омада буданд, ҳеҷ кас шубҳа намекард, ки ин ҷиноятро команчиҳо содир кардаанд. Фақат намедонистанд, ки чӣ тавр, дар куҷо ва кай ин корро кардаанд.

Доғи хун ба саволи якум равшан ҷавоб медод, ки соҳиби асп парронида шудааст ё ин ки ҳадафи найза гардидааст. Доғҳои хун бештар дар тарафи рости асп дида мешуданд, ки аз намудашон гӯё ким-чӣ онҳоро молида буд; доғи хун ҳам дар китфи асп, ҳам дар қаноти зин намудор буд; зоҳиран, ин осорро ҷасади савора ҳангоми лағжида ба замин афжидан гузошта буд.

Аз ҳозирон баъзеҳо, ки ҳаёти сарҳадиро аз сар гузаронида, таҷрибаи зиёд доштанд, ҳатто вақти содир шудани ҷиноятро дилпурона муайян карданд.

Аз рӯи гуфтани онҳо аз рехта шудааст аз даҳ соат нагузаштааст.

Аллакай нисфи рӯз буд. Пас, куштор соати дуи шаб рӯӣ додааст.

Саволи сеюм, зоҳиран, аз ҳама муҳим буд, ба ҳар ҳол акнун, дар сурате ки ҷиноят аллакай содир карда шуда буд.

Ҷиноят дар куҷо содир карда шуда буд? Ҷасадро дар куҷо бояд ҷустуҷӯ кард?

Ва, ниҳоят, қотилро аз куҷо бояд пайдо намуд?

Ин масъалаҳоро шӯрои ҳарбиён ва плантаторҳо, ки ба таври таъҷилӣ ба қалъаи Инҷ ҷег зада шуда буданд, муҳокима карда баромад; раис коменданти қалъа буд; падари ғамзада дар паҳлуи ӯ хомӯш меистод.

Ҷинояткорон ва ҷои ҷиноятро аз куҷо бояд ёфт?

Дар қутбнамои дашт, инчунин мисли қутбнамое, ки ба дарёнавардон роҳ нишон медиҳад, сию ду хати тақсим ҳаст; бинобар ҳамин экспедитсияе, ки ба ҷустуҷӯи дастаи ҳарбии команчиҳо мебаромад, аз байни сию ду самти қобили имкон аз дурустии онҳо якеро метавонад интихоб кунад.

Ҳама медонистанд, ки команчиҳо дар ғарб зиндагӣ мекунанд. Вале ин ниҳоят номуайян буд, зеро онҳо дар масоҳати садҳо мил кӯчманчигӣ мекарданд.

пешина
аз 509
навбатӣ