Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Вақте саворон ба яке аз ялангиҳо баромаданд, кадом-як дарранда ҷаста аз зери буттаҳо баромад ва рӯ-рӯи алафҳо тохт. Пӯсти сурхчатобу зарди даррандаи хушандом аз доғҳои тираи нақшунигор хат-хат буд; бадани фарбеҳи зуғӯташакли ӯ бо думи дароз бар болои чор пои чандири зӯру тавонояш ба назар таҷаллуми чаққонӣ ва пуркувватӣ буд. Ин паланг — ҳатто дар ин гӯшаву канорҳои дурдаст даррандаи камёб буд.
Барои шикорчиён ин як васвасаи бағоят калон буд ва ба малулии вазифаи экспедиция нигоҳ накарда, ду кас аз қафои дарранда даргурез тир холӣ кард.
Ин Кассий Колҳаун ва плантатори ҷавоне буд, ки аз паҳлуи ӯ мерафт.
Паланг ҷо ба ҷо афтида мурд; тир ба дарозии сутуни мӯҳраи дарранда гузашта рафта буд.
Ифтихори тири бомуваффақият парронидашуда ба кадом яки аз онҳо тааллуқ дошт? Ҳардуяшон, ҳам Колҳаун ҳам плантатори ҷавон онро ба худ нисбат медоданд. Онҳо баробар тир холӣ карда буданд, вале фақат як тир ба нишон расида буд.
— Ман ба шумо исбот мекунам! — аз асп фуромада дилпурона гуфт капитони мустаъфӣ.
Ӯ ба паланги мурда наздик рафт, кордро аз ғилоф баровард ва ба ҳозирон рӯ оварда гуфт:
— Тир дар бадани ҳайвон мондааст, ҳамту не, дентльменҳо? Агар тири ман бошад, дар он ҳарфҳои аввали ном ва номи падарам — «К. К.» ҳамроҳи ҳилол нақш кунонида шудааст. Тирҳои ман бо супориши махсус тайёр карда шудаанд ва ҳамеша аз рӯи онҳо сайдамро дониста мегирам.
Колҳаун худситоёна тири аз бадани паланг гирифтаашро бардошта нишон дод — пай бурдани душвор набуд, ки ӯ рост мегӯяд. Касони кунҷковтар онро диданӣ шуда наздиктар омаданд: дар рӯи тир ҳақиқатан ҳарфҳои аввали ном ва номи падари Колҳаун нақш ёфта буд ва, ба ҳамин тариқ, баҳс ба фоидаи плантатори ҷавон ҳал нагардид.
Баъди ин дере нагузашта отряд ба ҷое, ки пайшинос мунтазир буд, наздик шуд ва ӯ роҳро давом дода отрядро аз паси худ бурд.
Дар ин ҷо акнун изи суми он ду аспи наълдор дида намешуд. Фақат изи як аспро дидан мумкин буд, вале чунон норавшан буд, ки ҷо-ҷо онро фақат пайшинос дида метавонист.
Из аз байни паттазор гузашта, гоҳ-гоҳ ба ялангиҳо мебаромад ва ниҳоят давр зада, онҳоро каме дуртар ба ғарбии ҳамон пайраҳа баровард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо