Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ҷобатро медидед ва нохост мефаҳмидед, ки сараш... нест, наход ба даҳшат намеафтодед?
Маҳз ҳамин гуна манзара дар пеши назари онҳо намоён гардид. Мисли ин ки аз пешашон ҷарие бетаг баромада бошад, ҳамаашон баробар лаҷоми аспонро кашиданд.
Офтоб аллакай ғуруб мекард, курси оташини он қариб ба рӯи алаф мерасид ва нурҳои сурхи он рост ба чашм зада, онро хира мекард ва ба дидани чизе имкон намедод. Бо вуҷуди ин ҳама барҷало медиданд, ки андоми аҷибулхилка, ки дар пеши назари онҳо намоён гардида буд, — савораи бесар аст.
Агар аз ҳозирон фақат ягон кас мегуфт, ки савораи бесарро дидааст, эҳтимол, ӯро масхара намуда, девона меномиданд. Ҳатто агар ду кас инро тасдиқ мекард, онҳоро ҳам ба девонагӣ гунаҳкор мекарданд.
Вале он чӣ, ки ҳама баробар диданд, боиси шубҳа гашта наметавонист ва баръакс, агар ягон кас инро инкор мекард, дар он сурат ӯро девона мепиндоштанд.
Аммо ҳеҷ кас шубҳа накард. Ҳама бо диққат ба як сӯй — ба он чӣ менигаристанд, ки ӯ ё савораи бесар буд, ё ҳусане моҳирона сохташуда.
Оё ин ҳусан буд? Агар набошад, пас чӣ буд?
Ин савол дар дили ҳама баробар пайдо шуд. Ва азбаски ҳеҷ кас ҳатто барои худ ҷавоб ёфта натавонист, ҳама лаб накушода хомӯш истоданд.
Ҳарбиён ва ғайриҳарбиён бар болои зин нишаста, маътали шарҳу баён буданд, вале ҳеҷ кас онро дода наметавонист.
Фақат нидоҳои пасти тааҷҷуб ва даҳшат шунида мешуданд. Аммо ҳеҷ кас ягон тахмин нагуфт.
Савораи бесар — хаёлӣ буд ё ҳақиқӣ — баробари ӯро дидан ба пайраҳае ворид гардид, ки дар интиҳои муқобили он отряд қарор гирифта буд. Агар вай роҳашро давом медод, рост ба назди онҳо меомад, — ба шарте агар онҳо ҷуръат карда истода, ин ӯро мунтазир мешуданд.
Вале баробари онҳо истодан ӯ низ истод ва ба назар чунин менамуд, ки чӣ тавре онҳо ба вай беэҳтимодона менигаристанд, ӯ низ ба онҳо ҳамон тавр менигарист.
Чунин хомӯшие ба миён омад, ки ба рӯи алаф афтидани пасмондаи сигор шунида шуд. Ана ҳамон вақт он қисми каме, ки багурда буданд, савораи аҷибро аз назар гузаронида тавонистанд, вале аксарияташон аз тарс ларзида, ҳар гуна қобилияти андешарониро аз даст дода буданд. Онҳое ҳам ки чӣ будани ӯро фаҳмиданӣ шуда, ҷасорат карда ба ин андоми пурасрор менигаристанд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо