Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Гӯё аз бими он, ки ягон кас аз паси деворҷакале ба гапзании ӯ гӯш мекарда бошад, пичирросзанон гап мезад.
— Худоё, аз қудратат гардам! Ҳеҷ мумкин нест! Ин вай не! Патрики валӣ, мададгорам бош! Пас набошад кист? Охир ҳама чизаш азони ӯ барин буд! Асп, серапеи рах-рах, соқпӯшҳояш, сараш ҳам... вале фақат рӯяш рӯи ӯ набуд. Ба рӯяш ҳам нигаристам, вале фаҳмида натавонистам; — дар сурате, ки он тамоман хунолуд буд, чӣ хел фаҳмидан мумкин буд! Оҳ! Ӯ мистер Морис буда наметавонист! Не! Не! Ин дар хоб буд. Ман хоб будам ва ҳамаашро дар хоб дидам. Шояд, айби виски бошад? Вале ман чандон масте набудам, ки ин ба назарам намуда бо-шад. Ду куль аз соғар нӯшидам, ду куль аз суроҳӣ — ҳамааш ҳамин. Аз ин ман маст намешудам. Вақтҳое буд, ки ду баробар зиёдтар менӯшидам — ҳеҷ гап набуд, ҳатто забонам намеги-рифт. Ба худо! Модоме, ки маст будам, чаро ҳозир ҳушёрам? Охир аз бозии ҳамаи инро диданам, ним соат нагузаштааст, ман бошад судья барин ҳушёрам. Воқеан, ҳозир ҳам як-ду чакра нӯшад, бад намешавад. Набошад ман шаб то рӯз миҷҷа тар карда наметавонам ва ҳар хел фикрҳо ба майнаам омадан мегиранд. Ин чӣ бало? Агар хоҷа набошад, пас куҷо шуд? Патри-ки валӣ! Мани бечораро гунаҳкорро дар папоҳат нигоҳ дор — охир дар гирду атрофи ман фақат чину ачина ва шабаҳҳо гаш-таанд...

Марди ирландӣ пас аз ба авлиёи католикӣ муроҷиат кардан, бо иззату эҳтироми дучанд ба худои дигар, ки аз қадимулай-ғам бо номи Вакҳ1 машҳур буд, муроҷиат намуда мадад та-лабид.

Зорию илтиҷо ба гӯши муахирулзикр расид. Пас аз як соати он, ки Фелим дар назди меҳроби яздони бутпарастон, ки дар тимсоли сурохии вискиаш вискии мононгахил тасвир ёфта буд, зону задан, ӯ аз ҳамаи азобу кулфатҳо раҳо ёфта, дар рӯи за-мини хакале дароз кашид ва на фақат манзареро, ки то мурдан ӯро тарсонида буд, балки ҳатто мавҷудияти худро фаромӯш кард.

Дар кулбан Морис-мустангер ягон овоз шунида намеша-вад — ҳатто соат бо тук-туки худ ба хотир намерасонад, ки

1 В а к ҳ — дар асотироти юнонӣ худои май.

пешина
аз 509
навбатӣ