Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
мегардад. Онҳо дар назди девор истодаанд ва аз афташ, ҳеҷ кас онҳоро надидааст.
Чӣ хеле ки дар кулба хомӯшии том ҳукмфармо бошад, онҳо худашон ҳамон тавр ба он риоя мекунанд. Аз он ҷо ягон овоз, ҳатто садои чирчирак шунида намешавад.
Ҳол он ки яке аз бошандагони кулба дар хона мебошад. Вале одам то ба ҳадде нӯшида метавонад, ки на фақат қобилияти гапзанӣ ва ҳурраккашӣ, балки ҳатто баланд-баланд нафасгириро гум мекунад; ана Фелим то чунин ҳолат расида буд.
Чор командҷӣ поида-поида ба дар наздик мешаванд ва эҳтиёткорона онро аз назар мегузаронанд.
Дар маҳкам мебошад, вале аз ҳар ду паҳлӯ роғ дорад.
Онҳо гӯши худро ба ҳамин роғҳо мегузоранд ва панаҳ шуда гӯш меандозанд.
На садои ҳурраккашӣ шунида мешавад, на нафаскашӣ.
— Шояд... — ба забони тозаи испанӣ пичиррос зада мегӯяд сардор ба яке аз рафиқонаш,— шояд, ҳанӯз ба хона барнагашта бошад. Агарчи кайҳо бояд дар ин ҷо мешуд. Эҳтимол, ӯ аз нав боз ба ягон ҷо рафта бошад? Дар хотир дорам, ки дар паси кулба барои аспон шипанге буд. Агар мустангер дар хона бошад, аспи туруки ӯ дар ҳамон ҷост. Ҷӯраҳо, дар ҳамин ҷо истед, ман рафта дида меоям.
Барои дида баромадани оғили оддӣ якчанд сония кифоя буд. Оғил холӣ буд.
Барои аз назар гузаронидани пайраҳае, ки ба оғил мебурд, ҳамин қадар вақт лозим буд. Дар он изи асп — ба ҳар ҳол изи нав набуд.
Сардор ба ин боварӣ ҳосил намуда, ба назди рафиқонаш, ки ҳамоно дар назди дар меистоданд, баргашт.
— Лаънат бод! — акнун овозашро паст накарда хитоб намуд вай.— Ӯ дар ин ҷо нест ва имрӯз ба ин ҷо ҳам наомадааст.
— Ба кулба даромада боварӣ ҳосил кардан лозим,— бо забони тозаи испанӣ таклиф кард яке аз ҷанговарон.— Агар дар дашт чӣ хел хона сохтани ирландиро бубинем, чӣ гандагӣ дорад?
— Ҳа, — сеюмаш ҳам бо забони Сервантес ҷавоб дод. — Биёед ба майдонаш ҳам менигарем. Ман чунон гуруснаам, ки гӯшти хом бошад ҳам, мехӯрам.
— Ба номи Худо қасам! — бо ҳамон забони хушоҳанг илова намуд аз ҳама оҳкарини онҳо. — Ба шуниди ман вай таҳхонае дорад. Агар ин ҳамин тавр бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор