Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
нашуда буд. Он чи ки ба онҳо супурда шуда буд, ду-се кас ӯро дабаро мешуданд.
Баъзеҳо аз рӯи кунҷковӣ истоданд, баъзеҳо — ҳамту барои аз ёру ошноҳояшон ҷудо нашудан. Аксари онҳо писарони ҷавони плантаторҳо буданд; сардори расмии ин отряд Колхаун буд, вале худ ба худ маълум буд, ки ба кофтуков пайгир Спенглер сардорӣ мекунад.
Онҳо бо рафиқонашон хайрухуш карда нахобиданд, балки дар атрофи гулхани фурӯзон ҷо гирифтанд.
Таом ва май фаровон буд — драгунҳо ба қалъа баргашта, захира ва обдонҳои пурмаи худро ба онҳо монда рафтанд.
Вале, сарфи назар аз ин ва ҷарс-ҷурси хуррамонаи оташ, хушҳолии ҳақиқӣ ҷой надошт.
Дили ҳамаи онҳоро ғам зер карда буд ва ин ғам ба онҳо халал мерасонид, ки аз ҳузуру ҳаловати зиндагӣ, ки зоҳиран болотар аз он дар дунё чизе нест, лаззат баранд.
Дар назди он ҳузуру ҳаловат хурсандиҳои оромонаи оила як пул! Дар фазоҳои дашт баъзан худам онҳо ёд мекардам. Вале акнун ба қафо назар андохта ва муттасил он ҳардуро муқоиса карда, хитоб накарда наметавонам: «Гулхан ва рафиқони шикорчиамро баргардонед, монед ки боз як бори дигар ҳамроҳи онҳо дар назди оташи ҷасар-ҷусуркунанда нишинам — ва ман тамоми сарвати гундоштаам ва тамоми шӯҳрати нодаркорамро ба шумо медиҳам! Ман хушбахт мебудам агар ҳамаи инҳоро ҳамроҳи ташвишу тараддуд ва меҳнату машаққате, ки барои нигоҳ доштани он зарур аст, ба шумо диҳам».
Хотираи парешони ҷавононро эзоҳ додан осон буд: аз воҳимае, ки савораи бесар ба дили онҳо андохта буд, ҳанӯз ба худ омада наметавонистанд.
Онҳо майна об карда, воқеаи рӯй додаро эзоҳ доданӣ мешуданд, баъзан ҳатто ба шабахи асроромез механдиданд, вале аз эҳсоси азобдиҳанда ҳеҷ халос шуда наметавонистанд ва ягон фарзу тахмин онҳоро қонеъ кунонда наметавонист. Ҳам Спенглер, ҳам Колхаун шарики рӯҳияи умумӣ буданд.
Колхаун, аз ҳама дида маҳзунтар менамуд. Ӯ дур аз гулхан дар сояи дарахтон чин бар ҷабин партофта менишаст ва аз рӯзи рафтан инҷониб ҳарфе ба забон наронда буд. Зоҳиран, ӯ намехост ба онҳо, ки дар назди гулхани фурӯзон гарм мешуданд, ҳамроҳ шавад; мисл ин ки аз нигоҳҳои кунҷковона даруннокӣ ҳард бурда, танҳоиро афзал медонист.
Нигоҳаш пештара барин парешон буд, дар чеҳрааш ҳамоно осори даҳшати аз сар гузаронида дида мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор